Гулбаҳор Ашурзода
Ашурзода Гулбаҳор Сангилло | |
Таърихи таваллуд: | 18 март 1973 (52 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Ҷомӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: |
![]() |
Таҳсилот: | Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои тиб |
Унвонҳои илмӣ: | дотсент |
Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Гулбаҳор Ашурзода(Ашурзода Гулбаҳор Сангилло ) — пизишк, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V ва даъвати VI[1][2]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Гулбаҳор Ашурзода (Гулбаҳор Сангиллоевна Ашурова) 18 марти соли 1973 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1996 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси табиби акушер — гинеколог хатм кардааст. Номзади илмҳои тиб мебошад.
Фаъолияти кориашро соли 1997 ба ҳайси табиби акушер — гинеколог дар беморхонаи клиники № 6, шаҳри Душанбе оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои табиби акушер — гинеколог дар Маркази тиббӣ, мудири бахши модаршавии бехавф ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи январи соли 2014 дар вазифаи Директори Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад.
1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум интихоб шудааст.[2]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ КМИР рӯйхати вакилони тозаинтихоби Маҷлиси намояндагонро чоп кард. 9 марти 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 июли 2015.
- ↑ 2.0 2.1 Гулбаҳор Сангиллоевна Ашурова(тоҷ.). www.parlament.tj. 20 марти 2020 санҷида шуд.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 18 март
- Зодагони соли 1973
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ҷомӣ
- Номзадҳои улуми тиб
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи сиёсатмадорон
- Сиёсатмадорони Тоҷикистон
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI
- Занҳо-сиёсатмадорони Тоҷикистон
- Занони Тоҷикистон дар сиёсат
- Ходимони ҷамъиятии Тоҷикистон