Jump to content

Гулистон (шаҳрак)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гулистон — шаҳрак дар ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ. Аз Гулистон то маркази ноҳия 21 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 3717 нафар (2013).

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, нуқтаи таъмири худравҳо, шуъбаи милитсия, беморхона, масҷиди ҷомеъ, масҷиди панҷвақта, 3 дорухона, 2 китобхона, муассисаи фарҳангию фароғатӣ, боғи фарҳангӣ, бозори хусусӣ, нуқтаҳои хидмати маишӣ, 12 нуқтаи савдои хусусӣ, корхонаи васли дару тирезаҳои пластикӣ, майдончаи варзишӣ дорад.

Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ, ғаллакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз наҳри Вахш обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Г. 27 хоҷагии деҳқонии фермерӣ мавҷуданд. Гулистон соли 1964 бунёд шуда, як қисми аҳолиаш аз ноҳияи Дарвоз муҳоҷир шудаанд.

Шахсиятҳои маъруф

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нависанда Гули Зард дар ҳамин шаҳрак таваллуд шудааст.