Гагарин (деҳа, н. Балхӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гагарин
Кишвар Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Ҷалолиддин Балхӣ
Ҷамоат Деҳоти Ҳалевард
Забони расмӣ тоҷикӣ
Аҳолӣ 1371 нафар (2017)
Ҳайати миллӣ тоҷикон
Ҳайати динӣ мусулмонони ҳанафимазҳаб
Коди телефон +992 3247
Нишонаи почта 735200
Коди мошин TJ03

Гагарин — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ. Аз деҳаи Гагарин то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 2 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1371 нафар (2017), тоҷикон.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Нуқтаи савдои хусусӣ ва мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ дорад. Хонандагон таҳсили худро дар мактаби таҳсилоти умумии миёнаи деҳаи Ленинград давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз наҳри Қумсангир обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳаи Гагарин 4 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]