Болшевик (деҳа, н. Балхӣ)
Деҳа | |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Ҷалолиддин Балхӣ |
Ҷамоат | Деҳоти Узун |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | 2180 нафар (2017) |
Ҳайати миллӣ | тоҷикон |
Ҳайати динӣ | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Коди телефон | +992 3247 |
Нишонаи почта | 735200 |
Коди мошин | TJ03 |
Болшевик — деҳа дар ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ. Аз Болшевик то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 3 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2180 нафар (2017), тоҷикон.
Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]
Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, маркази савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз наҳри Гулистон обёрӣ мешаванд.
Мардум[вироиш | вироиши манбаъ]
Мувофиқи иттилои Бибисоро Бегнаева (собиқ сарвари бригада) аҳолии Болшевик аз ноҳияи Совет (ҳозира Темурмалик) ва вилоятҳои Намангону Сурхандарёи Ӯзбекистон (қунғуротҳо) муҳоҷир шуда, бо сарварии раиси колхози Карл Маркс Сафар Ҷумъаев Болшевикро обод кардаанд.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
- Болшевик // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2