Jump to content

Гулнора Бобоева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гулнора Бобоева
Гулнора Исломовна Бобоева
Таърихи таваллуд: 7 декабр 1964(1964-12-07) (60 сол)
Зодгоҳ: Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: мураббия

Гулнора Исломовна Бобоева (7 декабри 1964, Кӯлоб) — номзади илмҳои филология, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V аз Ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ № 2 шаҳри Душанбе[1]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гулнора Исломовна Бобоева 7 декабри соли 1964 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1986 Донишкадаи омӯзгории ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Кӯлобро бо ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёти рус хатм кардааст. Ба ҳайси омӯзгор, ҷонишини директор ва директори мактаб кор кардааст. Баъдан котиби Кумитаи комсомолии шаҳри Кӯлоб, мудири шуъбаи умумӣ ва мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Комиҷроияи ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон, котиби илмии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, декани факултети ғоибонаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, сардори Раёсати илму инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шуда кор кардааст. Дар вазифаи сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Номзади илмҳои филологӣ буда, аз соли 2002 узви ҲХДТ мебошад.

1-марти соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.[2]

Оиладор, соҳиби чор фарзанд аст.

Бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукофотонида шудааст. Аълочии маорифи Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистон мебошад.