Jump to content

Гулхат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гулхати дутарафа бо истифода аз се навъи рустанӣ. Тур, Фаронса

Гулхат, палчаи гул, рабатка (аз олмонӣ: Rabatte — ҷӯяк) — яке аз тарзҳои гулороӣ.

Гулзори росткунҷа, ки дар шакли хатак ё қатори тарафҳояш мутаносиб дар канори роҳу кӯчабоғ, хиёбону гулгашт, гулбоғу сабзамайдон ва дигар мавзеъҳо бунёд карда мешавад. Паҳнои гулхат 50-150 см мешавад. Ҳангоми 1 м будани паҳнои гулхат дарозии он бояд аз 3 м кам набошад. Вале дар амал бисёр вақтҳо гулхатро дароз (5-10 м) месозанд. Бинобар ин, онро метавон барои ҷудо кардани тарҳи роҳравҳо, майдончаҳо, сабзамайдон ва ғайра кор фармуд. Гулхатро бештар аз гулҳои яксола (бахмалгул, шаббӯй, чашми хурӯс, аждардаҳон ва ғ.), дусола (марзангӯш, момогул, гули ангуштпона, гули одамрӯ ва ғ.) ва бисёрсола (сунбул, наргис, лола, савсан, занбақ, кавкаб, карнайгул, гули намозишом, садтумонӣ, оташгул ва ғ.) бунёд месозанд. гулхат якранг (аз гулҳои ҳамсон) ва гуногунранг (аз гулҳои гуногун) мешавад.