Гулхона

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Ҷамоати Гулхона соли 1933 ташкил ёфтааст. Масоҳаташ 73 км2 аст. Зичии аҳолӣ дар 1км2 261 нафарро ташкил модиҳад. Дар деҳотҳои ҷамоат 4015 хоҷагӣ мавҷуд буда, дар онҳо 19088 нафар истиқомат мекунанд. Дар ҳудуди ҷамоат 2 хоҷагӣ: ба номи Она Нодирбобоева ва Бобо Турдибоев ҷойгиранд, ки дар онҳо беш аз 2700 нафар аъзоён меҳнат мекунанд. Ду кӯдакистони доимамалкунанда мавҷуд аст, ки дар онҳо 250 атфол таълим ва тарбия мегиранд. Ҳамчунин 8 мактаби таҳсилоти умумӣ ҳаст, ки дар онҳо 4270 нафар хонандагон таҳсил менамоянд. Ду китобхонаи дорои 17020 нусха китоб низ мавҷуд аст. Дар ҷамоат 8 бунгоҳи тиббӣ ҳаст, ки дар онҳо 8 духтур ва 45 нафар ходимони миёнаи тиббӣ ба халқхизмат мерасонанд. Дар ҷамоат деҳаҳои Гулхона, Янгиқишлоқ, А.Назаров, Каттадам, Кичикдам, Маданият, Тоҷикобод ва Селкан мавҷуд яст.