Гулчеҳра Бақоева
Гулчеҳра Бақоева | |
|---|---|
| Таваллуд | 15 декабр 1908 |
| Зодгоҳ | Қӯқанд |
| Даргузашт | 17 март 1975 (66 сол) |
| Маҳалли марг | Душанбе |
| Касб | ҳунарпеша |
Гулчеҳра Бақоева (15 декабри 1908, Қӯқанд — 17 марти 1975, Душанбе) — ҳунарпешаи тоҷик. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1941).
Фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияташ соли 1927 дар театри сайёри Бухоро оғоз ёфта, дар ш. Сталинобод (ҳоло Душанбе) саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ давом мекунад. Бақоева дар саҳнаи театр садҳо образи занони ҷассури мубориз ва софдилро офаридааст. Нақшҳояш дар саҳнаи театр : Марина Мнишек («Борис Годунов»-и Александр Пушкин,1937), Леди Милфорд («Мак рва муҳаббат»-и Ф. Шиллер, 1937), Ҷаннатхон («Тӯҳмат»-и С. Саидмуродов ва И. Исмоилов, 1938), Қумрӣ («Калтакдорони сурх»-и Сотим Улуғзода,1941), Таҳмина («Рустам ва Суҳроб»-и Абдушукур Пирмуҳаммадзода ва В.Волкенштейн,1941), Эмилия, доя «Отелло», «Ромео ва Ҷулйета»-и У. Шекспир, 1941, 1947), Огудалова («Духтари бебисот»-и А. Островский, 1948), Белина («Бемори қалбакӣ»-и Ж. Молер,1944), Ховархола ва Мӯҳтола («Дили модар» ва «Шаби бисту ҳаштум» Ҷалол Икромӣ, 1943. 1946), Ганна Лихта («Сӯиқасди маҳкумон»-и Н. Вирта, 1949), кампири мутаассиб Иқлимбону («Саодат»-и С. Саидмуродов ва М. Рабиев, 1948), Ҷаҳонхола («Оршин-мололон»-и У. Ҳоҷибеков, 1948), Дунка («Любовь Яровая»-и К. Тренёв 1955), Модари Ҷамила («Бой ва хидматгор»-и Ҳ.Ҳамза,1957), Модар («Тӯй»-и Самад Ғанӣ,1958) ва ғ. Гулчеҳра Бақоева нақшҳои занонро дар радиопйесаҳо ва сенарияҳои телевизионӣ низ иҷро кардааст. Дар дубляжи филмҳо ба забони тоҷикӣ ширкат дошт[1].
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Энсиклопедияи советии тоҷик. — Душанбе. — Ҷ. 1. — 1978. — Саҳ. 391
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бақоева Гулчеҳра // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 15 декабр
- Зодагони соли 1908
- Зодагони шаҳри Қӯқанд
- Даргузаштагони 17 март
- Даргузаштагони соли 1975
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Википедия:Мақолаҳои бесурат дар бораи синамогарон
- Википедия:Синамогарон бидуни IMDb
- Синамогарони Тоҷикистон
- Ҳунарпешаи театр
- Ҳунарпешагони халқии ҶШС Тоҷикистон
- Ҳунарпешаи театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ
- Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон
- Ҳунарпешазанҳои театри Тоҷикистон
- Ҳунарпешазанони асри ХХ