Jump to content

Гул (алабиёт)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гул (форсӣ: گل‎, аз паҳлавии gul, форсии бостон varddhaᵛ, авестоии варто vartaʌ ва вард vard) — дар адабиёт, яке аз образҳои шеърист.

Аз истифодаи ин вожа дар «Бурҳони қотеъ» ба шакли «вард» шарҳе мавҷуд аст. «Варда» дар аввалҳои даврони Ашкониён таҳаввули шаклӣ ёфта, ҳарфҳои (rd) ва (l) тағйир ёфтаанд. "Varda — vala) хонда шуд ва тадриҷан садоноки а-и охири калима афтода, гул ба шакли vel хонда мешуд. Бобо Тоҳири Урён калимаи велро ба маънии гул дар осораш ба кор бурдааст:

Мусалсал зулф бар рӯ рета дире,
Велу сунбул ба ҳам овета дире.

Бо мурури замон вел ба гул табдил ёфт ва дар давраҳои минбаъда дар забон ва адабиёти форс-тоҷик маъмул гардид. Гул ва анвои он — гули азраъ, гули бехор, гули навбар, гули наврӯзӣ, гули раъно, гули саҳар, гули сурх (киноя аз офтоб), гул чидан (маҷозан, баҳра бурдан), гули пажмурда (киноя аз рӯи зард), гули рангин (киноя аз рӯи зебо, лаб ва маҳбуба), гули навруста, гули садбарг (киноя аз маҳбуба), гули сурӣ, гули шукуфта, гули пиёда (гулҳои саҳроӣ, лола), гули сари сабад (киноя аз чизи аъло, чизи беҳтарин), гули хандон, гул кардан (зоҳир шудан), гули зардро арғавонӣ кардан, дамидани гул, аз ҳазор гулаш яке нашукуфта ва ғ. дар адабиёти форс-тоҷик ба таври густурда истифода гардидааст. Гул яке аз унсурҳои хаёл дар назми форс-тоҷик аст ва ҳамчун воситаи баёну тасвир ба кор меравад гул ҳамчун паёмовари баҳор, ифодагари шодию хурсандӣ, хушбахтӣ, сарсабзӣ, ишқу умед, ғаму андуҳ, сӯгу мотам дар сухани адибон таҷаллӣ ёфтааст:

Гул дигар раҳ ба гулситон омад,
Вораи боғу бӯстон омад.

Рӯдакӣ

Сари сайри гул надорам, зи чӣ рӯ равам ба гулшан.
Ки шунидаам зи гулҳо ҳама бӯйи бевафоӣ!

Ироқӣ

Дар адабиёти классикии форс-тоҷик аз иртиботи гул бо ҷаҳони улвӣ ва биҳишт ишораҳо рафтааст ва шоирони форсигӯ гулро аз неъматҳои ҷаннат дониста, гулзору гулистонро ба биҳишт ташбеҳ медиҳанд:

Гул неъматест ҳадяфиристода аз биҳишт,
Мардум каримтар бишаванд дар наими гул.
Ай гулфурӯш, гул чӣ фурӯшӣ ба ҷойи сим?
В-аз гул азизтар чӣ ситонӣ ба сими гул?!

Кисоии Марвазӣ

Гул чун намоди шукуфтану шодӣ ва нашъунамо дар адабиёт ба кор меравад. Ғаму андӯҳ, ноҳинҷорӣ чун хорест, ки боиси халал ёфтани шодиҳо мегарданд ва дар зиндагӣ образи манфӣ мегиранд. Зиддиятҳои ҷаҳон, ки бо ҷуфтҳои ба ҳам муқобил боиси таносуб ва мувозинати оламанд, дар адабиёти тоҷик ба таври густурда тасвир ёфтаанд. Дар осори шоирон тасвири гул бо хор зиёд аст:

Ҷаври душман чӣ кунад, гар накашад толиби дӯст,
Ганҷу мору гулу хору ғаму шодӣ ба ҳаманд.

Саъдӣ

Хору гул дар ҳаманду зулмату нур,
Асалу шаҳду ништару занбӯр.

Саъдӣ

Ҳофиз, аз боди хазон дар чамани даҳр маранҷ,
Фикри маъқул бифармо, гули бехор куҷост?

Ҳофиз

Гул дар баробари зинати дашту даман будан дар адабиёти бадеӣ чун образи маъшуқа мавриди истифода қарор мегирад. Гул чун маҳбуба ё маъшуқа дар робита бо булбул тасвир мешавад:

Бе ишқ зи Хоқонӣ чизе нагушояд,
Бе васли гул аз булбул овоз нахоҳанд.

Хоқонӣ

Чист, донӣ, ғунчаҳои ношукуфта дар чаман
Булбулон бар шохи гул дилҳои пурхун бастаанд.

Ҷомӣ

Аз адабиёти асри 15 ба баъд асарҳои мунозиравӣ ва тамсилие бо ширкати булбул ва гул ба вуҷуд омаданд. Маснавии «Булбулу Гул»-и Рӯҳии Риёзӣ дар радифи маснавиҳои мунозиравӣ оид ба мавзӯи гул ва булбул мебошад. Яке аз сифатҳои гул кӯтоҳумрии он аст. Дар ин замина далели бевафоии гул низ бар асоси кӯтоҳумрии он дар шеър бо таъкид ифода меёбад:

Касе, ки лола парастад ба рӯзгори баҳор,
Зи шуғли хеш бимонад ба рӯзгори хазон.
Гуле, ки бод бар ӯ барҷаҳад, фурӯ резад,
Чаро ниҳам дили накуписанди хеш бар он?

Фаррухӣ

Дар адабиёти бадеӣ гул ва анвои он ба рамзи бадеӣ табдил ёфтаанд. Баъзе навъҳои гул то ба киноя ва маҷоз таҳаввул намуда, сууд кардани баъзе анвои гул аз тариқи маҷозу ташбеҳу истиора сурат гирифтааст. Гули наргис аз он сабаб, ки ба чашм шабоҳат дорад, ҳамчун истиора корбаст мешавад. Гули лола бо доштани доғи сиёҳ намоди ғаму андӯҳи ошиқ ва ё маъшуқа аст.

Дар адабиёти шифоҳӣ гул рамзи маҳбуба ё маъшуқа қарор гирифтааст. Тавсифи гул чун зебоӣ, хушрангӣ, хушбӯӣ ва назокат бо сифоти маъшуқаҳои нозукандому зебо умумият доранд. Ҳамин муштаракоти сифот боиси намоди маҳбуба қарор гирифтани гул шудааст. Ҳам дар назми шифоҳӣ ва ҳам дар адабиёти хаттии бадеӣ ба гул муроҷиат намудан, яъне, маҳбубаро гул номида хитоб намудан маъмул аст. Бо мақсади намоиш додани зебоӣ ва латофати маҳбуба, таъкиди барҷастагии ҳусни ӯ, ё аъзои мутаносиби ӯ анвои гул — наргис, садбарг, нилуфар, савсан ва ғ. ба кор мераванд.

Дар адабиёти тасаввуф гул маънии рамзӣ гирифта, дар фарҳангҳои ирфонӣ «гул натиҷаи илмро гӯянд, ки дар арсаи дили ориф зуҳур намояд» шарҳ шудааст. Дар китоби «Истилоҳоти ирфонӣ»-и Фахруддини Ироқӣ, гул ва анвои он тафсири орифона ёфтааст. Мувофиқи шарҳи Ироқӣ, гул натиҷаи амалест, ки дар дил пайдо шавад. Гулзор кушодагиро гӯянд мутлақан, пас ба ҳар чӣ изофат кунанд ва ба он бозхонанд. Лола натиҷаи маорифро гӯянд, ки мушоҳида кунанд. Бунафша нуктаеро гӯянд, ки қуввати идрок дар он кор накунад. Дар адабиёти муосир гул ва анвои он серистеъмол аст. Гул ҳамчун намоди маҳбуба ва намоиш додани зебоиҳои андоми ӯ ба кор меравад. Гули наргис, бунафша, хайрӣ, сунбул, садбаргу нилуфар, савсан, лола ва ғ. дар адабиёт ва санъати тоҷик вазифаи бадеиро иҷро мекунанд.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Амонов Р. Лирикаи халқи тоҷик. Д., 1968;
  • دهخدا. لغت نامه. جلد. ۴۱. تهران ۱۳۳۵ ش.؛
  • فخرالدین عراقی. کلیات. تهران.۱۳۷۵ ش.؛
  • حامد هاتف. رمز گلها در ادبیات فارسی. تهران۱۳۹0 ش.ر