Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Гурез Зарипов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гурез Зарипов
Таърихи таваллуд 8 августи 1947(1947-08-08)
Таърихи даргузашт 7 январи 2016(2016-01-07) (68 сол)
Рутба генерал-лейтенант
Ҷоизаҳо Ордени Шараф

Гурез Зарипов (8 августи 1947 деҳаи Бойбулиз, ноҳияи Данғара — 7 январи 2016, Душанбе) — давлатмарди тоҷик, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук (2008), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2007).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Институти хоҷагиии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло ДАТ, 1970) ва факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ (1999, ғоибона). Хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС (1970—1972), агрономи калони ҳифзи рустаниҳо (1973—1975), сарнозири нозироти давлатӣ оид ба карантини рустаниҳои вил.Қӯрғонтеппа (ҳоло Хатлон, 1975—1993), сардори Раёсати Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вил. Хатлон (1993—1998), муовини аввали раиси Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998—2002), муовини сардори Департаменти гумруки Вазорати даро-мадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002—2003), сардори шуъбаи ташкили назорати гумрукӣ дар Майдони ҳавоии Идораи Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003-04), муовини директори Агентии назорати маводди нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005—2006), муовини аввали Вазири даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006), сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006—2013). Аз соли 2013 дар нафақа буд.

Бо ордени «Шараф» (1999) сарфароз гардидааст.