Гурез Сафар
Гурез Сафар | |
Таърихи таваллуд: | 10 май 1960 (64 сол) |
Зодгоҳ: | Кӯлоб |
Навъи фаъолият: | шоир,рӯзноманигор,нависанда |
Гурез Сафар — рӯзноманигор, шоир, нависанда, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1989), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1995)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Гурез Сафар 10 майи соли 1960 дар шаҳри Кӯлоб, дар хонадони шоир Ашӯр Сафар, ба ҷаҳон омадааст. Соли 1983 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъдан корманди илмии ҳамин донишгоҳ, роҳбари бадеии Қасри маданияти Кӯлоб, мусаҳҳеҳи нашриёти «Маориф», мусаҳҳеҳи калон, муҳаррир, муҳаррири пешбар ва мудири шуъбаи адабиёти калонсолони нашриёти «Адиб», сармуҳаррири маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» (1996-1999) будааст. Ҳоло ҷонишини директори Муассисаи нашриявии «Адиб» мебошад. Навиштаҳояш аз соли 1989 интишор меёбанд, ки ба мавзӯъҳои Ватан, Модар, сулҳу ваҳдат, дӯстиву муҳаббати поки инсонӣ, худшиносии миллӣ ва ғ. бахшида шудаанд. Дар офаридани шеъру ҳикояҳои ҳаҷвӣ сабки хосе дорад, ки ғолибан латифу ҳадафрасанд ва ахлоқу аносири манфури ҷомеаро зери тозиёнаи малеҳи ҳаҷву мутояба қарор медиҳанд.Аз соли 1989 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аз соли 1995 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Офаридаҳояш дар авроқи кутуби «Ариза ба номи янга» (1992), «Азизи дидаву шунида» (1994), «Нози ҳавас» (1996), «Ҷавобак» (2000), «Миқрози насим» (2002), «Чашми сиёта садқа» (2004), «Лутфи Ашӯр Сафар» (2005), «Сад барги тар» (2009), «Равзани роз» (2010), «Шамъи саодат» (2014), «Ҳам арш, ҳам фарш» (2015) ва ғ. ба табъ расидаанд. Соли 2011, барои маҷмӯаи «Равзани роз», сазовори Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.217 ISBN 978-99947-2-379-9
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 10 май
- Зодагони соли 1960
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Кӯлоб
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Адибон аз рӯи алифбо
- Рӯзноманигорон аз рӯи алифбо
- Нависандагони тоҷик аз рӯи алифбо
- Шоирони тоҷик
- Рӯзноманигорони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон