Гӯктеппа (қалъа)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гӯктеппа (форсӣ: گوک‌تپه‎) — қалъае дар 45 км шимолу ғарби Ашқобод, ки дар давраи истилои Осиёи Миёна маҳалли ҷанги сарнавиштсози байни артиши Русия ва туркманон буд (1880-81).

То давраи лашкаркашии русҳо тамоми минтақаи атрофи қалъа бо номи Гӯктеппа машҳур буда, таърихнигорон Ёқути Ҳамавӣ ва Ҳофизи Абрӯ аз он бо номи қарияи Каваки атрофи Нисо ёд кардаанд. Аҳолии маҳаллӣ пеш аз набарди Гӯктеппа дар қалъа бо сарварии афсари англис Батлер корҳои истеҳкомиро анҷом дода, дар ихтиёрашон як тӯп (соли 1868 аз форсҳо гирифта буданд) доштанд. Дар набарди Гӯктеппа шумораи артиши русҳо зиёда аз 8000 нафарро ташкил дода, ба он генерал М. Д. Скобелев сарварӣ мекард. Артиши Русия баъди муҳосираи 20-рӯза ва талафоти зиёди ҷонӣ (тақр. 100 нафар) Гӯктеппа ро ишғол карданд (24. январи 1881). Набарди Гӯктеппа дар таърихи Осиёи Миёна ягона задухӯрде буд, ки якчанд тӯп ва ливои артиши рус ба дасти аҳолии маҳаллӣ (бо талафати тақр. 6-8 ҳазор нафар) уфтод.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Бартолд В. В. Сочинения. Т. 3. М., 1965
  • .مهدی سیدی. فرهنگ جغرافیای تاریخی ترکمنستان. تهران، ۱۳۸۳ش