Давлати демократӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Давлати демократӣ - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шакли давлатдории Тоҷикистонро демократӣ эълон намуд (моддаи 1 Конститутсия), ки маънои ҳақиқиаш ҳокимияти халқӣ мебошад. Барои ҳақиқатан ин талаботи конститутсиониро амалӣ кардан давлат тарзу воситаҳоеро истифода мебарад, ки барои амалӣ гаштан и ҳокимияти халқӣ мусоидат мекунад. Аз ҳама муҳимтарин омилҳое, ки давлати демократӣ будани онро ифода мекунад ин истифодаи шаклҳои демократияи бевосита мебошад. Халқ дар давлати демократӣ ҳокимиятдории худро ё бевосита ва ё ба воситаи вакилони интихобнамудаи худ ба мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ба амал мебарорад.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 136