Давлати Қарохониён
Қарохониён - давлате, ки солҳои 90-уми асри X дар ҳудуди Туркистони Шарқӣ, Ҳафтрӯд, бахши ҷануби доманаи Тиёншон таъсис дода шуда буд. Ҳуҷумҳои ғоратгаронаи туркҳо ба Мовароуннаҳр боиси парокандашавии Давлати Сомониён гардид.
Соли 992 ҳокими Тироз ва Баласағун Ҳасани Буғрохон ибни Сулаймон ба ҳудуди Давлати Сомониён даромада, Бухороро забт кард. Соли 996-999 вориси ӯ Насри I тамоми Мовароуннаҳр, аз ҷумла Ҳисорро истило карда, Абдумалик ибни Нуҳи Сомониро асир гирифт. Соли 1005 Қарохониён сипоҳи охирин намояндаи сулолаи Сомониён Мунтасир Абӯиброҳим Исмоилро торумор намуда, давлати Қарохониёнро барпо карданд. Давлати Қарохониён аз ҳайси маъмурӣ ба мулкҳои алоҳида бахш мешуд, ки онҳоро намояндагони сулолаи Қарохониён – илоқхонҳо идора мекарданд. Илоқхонҳо соҳиби ҳуқуқи зиёд буда, ҳатто ба номи худ танга сикка мезаданд. Бухоро ва Самарқандро ҳокимони маҳаллӣ идора мекарданд. Пойтахти давлати Қарохониён аввал Қошғар, Баласағун, Ӯзганд буд, сипас боз Қошғар шуд. Азбаски ҳукумати марказии давлати Қарохониён хеле суст буд, дар он муборизаи дарбориён барои тахту тоҷ авҷ гирифт. Соли 1040 баъди муборизаи дуру дароз ба тахт Тамғочхон нишаст. Ӯ сиёсати берунии мустақилро пеш гирифт. Дар замони ҳукмронии Тамғочхон дар Мовароуннаҳр давлати Қарохониён пурра ташаккул ёфта, пойтахти мамлакат аз Ӯзганд ба Самарқанд кӯчонда шуд. Ӯ низоми андоз, нархи маҳсулотро дар бозори мамлакат ба тартиб дароварда, ислоҳоти пулӣ гузаронд. Дар ин давра ба сохтмони биноҳои ҷамъиятӣ диққати махсус медоданд. Тамғочхон дар охирҳои умраш тахти шоҳиро ба писараш Шамсулмулук супорид, вале ӯ дар сари ҳокимият дер напоид. Дар замони ҳукмронии Аҳмад ибни Хизр зиддияти байни дарбориён боз ҳам тезутунд гардид. Ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии давлати Қарохониён низ хусусиятҳои вежа дорад. Дар ибтидо Қарохониён сарзаминҳои ишғолкардаашонро талаву тороҷ ва хароб менамуданд. Аввали асри XI дар Мовароуннаҳр, хусусан дар водии Зарафшон, системаи обёрӣ вайрон карда шуда, заминҳои корам ба биёбон табдил ёфтанд. Савдо ва ҳунармандӣ таназзул ёфт. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, неруҳои истеҳсолӣ боз рӯ ба тараққӣ ниҳоданд. Дар кишоварзӣ заминҳо самаранок истифода мешуданд. Дар шаҳрҳо ҳунармандӣ инкишоф ёфт, ки он ба ривоҷи савдои дохиливу берунӣ мусоидат кард. Аҳолии шаҳрҳо низ меафзуд. Дар ин давра Самарқанд 100 ҳаз., Бухоро 70 ҳаз. наф. аҳолӣ дошт. Дар давлати Қарохониён фарҳанги моддӣ ва маънавӣ низ инкишоф ёфт. Миёнаи аасри X ислом ба ҳайси дини давлатӣ пазируфта шуд. Дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Ӯзганд ва ғ. мақбараҳо, масҷиду мадрасаҳо сохта шуданд. С. 1127 дар Бухоро Манораи Калон, солҳои 1152-87 дар Ӯзганд мақбараҳо бунёд гардиданд. Кашмакашиҳои дохилӣ ба инкишофи илму фарҳанг таъсири манфӣ расониданд. Дар натиҷа бисёр адибону донишмандон аз Мовароуннаҳр ба шаҳрҳои Хуросон фирор карданд. Илму фарҳанг танҳо дар замони ҳукмронии Тамғочхон қадре ривоҷ ёфт. Мувофиқи маълумоти Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар дарбори Тамғочхон шоирону нависандагони машҳури ҳамон давра ҷамъ омада буданд.[1] Аз с-ҳои 60-70-уми садаи XI ҳуҷуми Салҷуқиён ба ҳудуди давлати Қарохониён пурзӯр гардид. С. 1089 Маликшоҳи Салҷуқӣ бо лашкари худ аз д. Аму гузашта, Бухоро ва Самарқандро забт кард. Тамоми қаламрави давлати Қарохониён зери тасарруфи Салҷуқиён гардида бошад ҳам, онҳо сулолаи Қарохониёнро бархам надоданд, вале ба корҳои онҳо дахолат карда, хонҳоро аз намояндагони Қарохониён таъйин мекарданд. Солҳои сиюм ва ибтидои чилуми асри XII Қаракидониён ба Мовароуннаҳр ҳамла оварда, 9 сентябри 1141 дар дашти Катвон ба лашкари муттаҳиди Қарохониён ва Салҷуқиён зарба заданд ва мулкҳои Мовароуннаҳрро истило карданд. Қаракидониён ба корҳои дохилии Қарохониён дахолат накарда, балки танҳо андоз меситониданд. Дар охири давраи мавҷудияти давлати Қарохониён бахши марказии Мовароуннаҳр ва Фарғона ба ду мулки мустақил ҷудо шуд. Соли 1212 давлати Қарохониёнро Муҳаммади Хоразмшоҳ пурра барҳам дод ва қаламрави он ба Давлати Хоразмшоҳиён ҳамроҳ гардид.[1]