Даврон Гулмуродов
Таърихи таваллуд | 30 ноябр 1962 (61 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Регар, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо | Ҳофизи халқии Тоҷикистон (2011) |
Даврон Гулмуродов (Гулмуродов Даврон Шерматович; зод. 30 ноябри 1962, деҳаи Сешанбе, ноҳияи Регар) — овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон (2011).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Гулмуродов фориғуттаҳсили мактаби ҳамагонии ноҳияи Турсунзода (1969—1979), шуъбаи мусиқии анъанавии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1981—1986) буда, фаъолияти иҷроию тадрисиашро дар мактаби мусиқии шаҳри Турсунзода (муаллими суруд ва мусиқӣ, 1986-91) идома дода, сипас дар вазифаҳои масъули бахши фарҳангии ноҳия хидматгузорӣ менамояд. Гулмуродов яке аз таъсисдиҳандагони дастаи мақомхонони ноҳияи Турсунзода буда, анъана ва суннатҳои дерини иҷроии мақомхонии водии Ҳисорро бо тозакориҳои ҳунарӣ идома медиҳад. Гулмуродов дар иҷрои шохаҳои овозии мақомҳо, аз ҷумла «Ироқи Бухоро», «Насруллоӣ», «Нимчӯпонӣ», «Муғулчаи Дугоҳ», «Уфари Ироқи Бухоро», «Соқиномаи Ироқи Бухоро», «Қашқарчаи Савти калон», «Сарахбори Ороми ҷон», «Сарахбори Наво» ва ғ. маҳорати хуби иҷроӣ ба харҷ дода ва дар рангомезии барномаи ҳунарии дастаи мақомхонони ноҳия саҳми хоса гузоштааст.
Гулмуродов иштирокдори Симпозиум-фестивалҳои мусиқии Самарқанд (1987), Душанбе (1990, 2002, 2006) ва чандин ҷашнвораҳои мусиқии мақомӣ ва мардумист. Гулмуродов барои саҳми арзандааш дар тарғибу рушди мусиқии мақомӣ, маҳорати баланди иҷроӣ бо Ифтихорномаи Президенти ҶТ (2003), Вазорати фарҳанги ҶТ (2001), ҷоизаҳои озмунҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ («Бӯстон» «Андалеб»-1986, 2001, «Аржанг»-2002) ва ғ. мушарраф шудааст. Гулмуродов мураббии чандин сароядагони ҷавони мақомсарост.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
- Шашмақом шоҳкории назму наво (Раҳнамои фестивали байналмилалии Шашмақом, Душ., 2006).
- Донишномаи Шашмақом / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — С. 52. - ISBN 978-99947-49-13-3