Далда ба шир
Зоҳир
Далда ба шир
Таоми миллӣ буда, аз гандум, лубиёгиҳо, донагиҳо ва шир тайёр карда мешавад. Дар дег шир андохта, оташашро паст мекунанд, то ки оҳиста-оҳиста ҷўшад. Гандумро тоза шуста, кўфта, бо лубиёгиҳо ва донагиҳо ба дег меандозанд. Баъдан намак ва зиравориҳоро ба таом пошида, омехта мекунанд. Пас аз ҷўшидани таом 2 литрро ширро ба он омехта мекунанд. Як бори дигар, ки дег ба ҷўш омад, таом тайёр мешавад. Баъдан дар косаҳо гирифта, чаккаю кабудӣ ҳамроҳ мекунанд. Дар вилояти Хатлон нимфаъол аст.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ. – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 159
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |