Далер Ҷумъа
Ҷумъа Далер Шофақир | |
аз 3 ноябр соли 2020 | |
|
|
Таваллуд |
28 март 1973 (51 сол) |
Таҳсилот | Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (1998), Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев (1999), Донишгоҳи Королинаи Шимолии ИМА(2006), Донишгоҳи Ҳарварди ИМА (2013) |
Касб | ходими давлатӣ |
Ҷоизаҳо | медали «Хидмати шоиста» |
Далер Ҷумъа (Ҷумъаев Далер Шофақирович; 28 марти 1973, Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҶШС Тоҷикистон) — давлатмарди тоҷик, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Далер Ҷумъа 28 марти соли 1973 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ бо ихтисоси муҳандиси нерӯгоҳҳои барқӣ, соли 1999 Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ғоибона) бо ихтисоси иқтисодчӣ-муҳосиб, соли 2006 дар Донишгоҳи Каролинаи Шимолӣ — Чапел Хилл, ИМА дар самти идоракунӣ ва сиёсати давлатӣ такмили ихтисос намуда, соли 2013 Донишгоҳи Ҳарварди ИМА-ро дар самти идоракунии соҳибкорӣ хатм кардааст.
Дар солҳои 2005—2010, 2010—2015, инчунин аз соли 2020 вакили маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, даъвати сеюм, чорум ва шашум мебошад. Бо медали «Хидмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст. Оиладор ва соҳиби чор фарзанд мебошад[1]
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1995—1997 — Муҳандиси Институти илмӣ- тадқиқотии «Тоҷикгидроэнергопроект».
- 1997—2002 — Сардори раёсати Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон ва Осиёи марказӣ.
- 2002—2003 — Сармутахассиси департаменти сафарбаркунии захираҳои Сардафтари Федератсияи байналмилалии Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар шаҳри Женеваи Швейтсария.
- 2003—2004 — Машваратчии Бонки умумиҷаҳонӣ, шаҳри Душанбе.
- 2004—2005 — Роҳбари бахши маркетинги Барномаи рушди соҳибкорӣ USAID-PRAGMA.
- 05.2006 — 08.2006 — Мутахассиси шўъбаи фурўш ва таъминоти Созмони Милали Мутаҳид дар шаҳри Ню — Йорки ИМА.
- 2006—2007 — Роҳбари Ташкилоти Фокуси кўмаки башардӯстона дар Тоҷикистон.
- 2007—2020 — Директори генералии ҶСШК «Помир — Энерҷӣ», аз соли 2019 то ноябри соли 2020 роҳбари минтақавии лоиҳаҳои энергетикии Сандуқи рушди иқтисодии Оғохон дар Осиё, солҳои
- 2020—2024 — Вакили маҷлиси вакилони халқи ВМКБ даъвати шашум.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2020 Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид..[2]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ҷумъа Далер Шофақир(тоҷ.). 10 марти 2021 санҷида шуд.
- ↑ Ҷумъа Далер Шофақир(тоҷ.). www.president.tj. 19 май 2024 санҷида шуд.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 28 март
- Зодагони соли 1973
- Зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Мақолаҳо дар бораи ходимони давлатӣ бидуни тасвир дар Викианбор
- Ходимони давлатӣ аз рӯи алифбо
- Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Вазирони Тоҷикистон
- Ходимони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон