Дамламаи гӯштӣ
Зоҳир
Дамламаи гӯштӣ навъи маъмули хӯроки миллии тоҷикон буда, бо чунин тарз тайёр карда мешавад: Гӯшт ва равғани дунбаро лӯнда-лӯнда реза ва устухонҳоро бо гӯшташ 2-3-сантиметрӣ пора карда, бо пиёзи реза, намак ва зиравор омехта мекунанд. Ба дег аввал равған, баъд устахону гӯшти резашударо қабат-қабат мечинанд. Ба ҳар қабат андохтани барги ғор, мурчи кӯфта, шибит тавсия мешавад. Таом дар деги сарпӯшдор (барои набаромадани буғ ба атрофаш сачоқ мепечонанд) дар давоми 40 дақиқа бо дам мепазад.
Барои дамлама 2 кг гӯшт, 2 кг пиёз, 100 г равған, 5-6 дона барги ғор, 2 бандча шибит, мувофиқи табъ мурчи кӯфта, намак лозим аст.[1]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.
- Энсиклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ. – Душанбе, 1988
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Таббохӣ/ Дамламаи гӯштӣ. 13 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 феврали 2017.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |