Дандон-баророн
Зоҳир
Дандон-баророн, мушакдандон
Як навъ маросими оилавӣ, ки ба муносибати баромадани дандони аввалини кӯдак барпо мешавад. Модар бо кӯдак ба дари ҳафт хона рафта, кам-кам гандум, лӯбиё, нахӯд, биринҷ ва ғ. металабад. Ў ҳангоми кӯдакро ба дари ҳамсояҳо бурдан чунин суруди «Мушак, мушак, дандон бите»-ро аз забони кӯдак мехонад. Модар аз биринҷу гандуми ҷамъшуда таоми гандумкӯча мепазад ва яккосагӣ ба ҳамсоягон тақсим мекунад. Дар Водии Ҳисор, Водии Зарафшон, вилояти Хатлон, Бадахшон, Водии Рашт дар ҳолати азбайнравӣ қарор дорад.[1]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]1. Неменова Р.Л. Таджики Варзоба. Д., 1998; 2. Шермуҳаммадов Б. Назми халқии бачагонаи тоҷик. Д., 1973; 3. Ҷумъаев Р. Таваллуд ва тарбияи атфол дар байни тоҷикони кӯҳистони Зарафшон. Д., 2012.
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Манобеъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 93