Навпо-буророн
Навпо-буророн, сарбандон
Яке аз расмҳои оилавӣ, ки бахшида ба нахустин қадамгузориҳои кӯдак баргузор мегашт. Дар деҳоти водии Зарафшон агар касе аз калонсолон бори нахуст қадамгузориҳои тифлро медид, зуд пеш аз қадамҳои кӯдак об пошида, мегуфт: «оби равон барин роҳ гардӣ». Дар Қаратоғ ин корро пиразани табаррук иҷро мекард. Дар баъзе деҳаҳо ба зери қадами кўдак пахта мепартофтанд, то ки роҳаш сафед бошад. Дар баъзе рустоҳои водии Ҳисор вақте ки кӯдак нахустин қадамҳояшро гузошт, аз болои сараш қанду мавиз ва ғулинг мечошиданд, ки ҳозирин онҳоро чида мегирифтанд. Дар Водии Ҳисор, Зарафшон, Рашт дар ҳолати азбайнравӣ қарор дорад.[1]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]1. Мирзоев С. Суннатҳои маҳаллии мардуми Яғноб. Д., 2007; 2. Неменова Р.Л. Таджики Варзоба. Д., 1998. 3. Ҷумъаев Р. Таваллуд ва тарбияи атфол дар байни тоҷикони кўҳистони Зарафшон. Д., 2012.
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Манобеъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. с.93