Даниеле Бове
Таърихи таваллуд | 23 март 1907[1][2][3][…] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 8 апрел 1992[1][2][3][…] (85 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | sulfonamide drug[d] ва histamine antagonist[d] |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | докторӣ[d] |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Даниеле Бове́ (итол. Daniel Bovet; 23 марти 1907, Флёрйе, кантони Нёвшател, Швейсария — 8 апрели 1992, Рум, Итолиё) — фармакологи швейсаритабори итолиёӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Донишгоҳи Женева (1929). Ассистенти Донишкадаи Пастери Париж (1929—1947), роҳбари шуъбаи муолиҷаи кимиёии Донишкадаи олии тандурустии Рум (1947—1964), профессори фармакологияи Донишгоҳи Сассари (Рум; 1964—1971) буд. Аз соли 1971 ба ҳайси профессори Донишгоҳи Рум фаъолият кардааст. Оид ба фармакология, физиологияи патологӣ, бемориҳои аллергӣ пажӯҳиш анҷом додааст. Аз аввалинҳо шуда таъсири зиддибактериявии доруҳои сулфаниламидиро ошкор намуда, сохтори пайвастҳои шабеҳи кураре ва зиддигистаминиро муқаррар сохтааст. Соли 1957 барои кашфи пайвастҳои синтезӣ, ки монеи фаъолияти баъзе моддаҳо дар организм мегарданд, ҳамчунин, ошкор сохтани таъсири онҳо ба силсилаи дилу рагҳо сазовори ҷоизаи Нобел гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 3.0 3.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ http://ieeexplore.ieee.org/xpls/abs_all.jsp?arnumber=1096760
- ↑ http://psycnet.apa.org/journals/bul/78/5/351/
- ↑ http://www.nytimes.com/2007/09/29/business/29rieveschl.html
- ↑ http://www.nytimes.com/1992/04/11/world/daniele-bovet-85-the-discoverer-of-first-antihistamines-is-dead.html
- ↑ (unspecified title) — PMID:4888526
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бове Даниеле // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 23 март
- Зодагони соли 1907
- Зодагони Швейтсария
- Даргузаштагони 8 апрел
- Даргузаштагони соли 1992
- Даргузаштагони Рум
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Барандагони Ҷоизаи Нобел дар бахши пизишкӣ
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо