Jump to content

Дарвеш Аҳмади Қонунӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дарвеш Аҳмади Қонунӣ
Зодгоҳ Самарқанд
Таърихи даргузашт 1510
Пеша(ҳо) навозанда, сароянда

Дарвеш Аҳмади Қонунӣ (форсӣ: درویش احمد قانونی‎; ? — 1497/1510, Самарқанд) — мусиқидон, оҳангсоз, навозанда, хонанда ва ва шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зиндагӣ, омӯзиш ва фаъолияти эҷодию иҷроии Дарвеш Аҳмади Қонунӣ дар ҳавзаи ҳунарии Мовароуннаҳр сурат гирифта, нозукиҳои илми мусиқиро чанд муддат дар назди мусиқидонон ва сарояндагони замонаш Абдулмуъмини Сафиуддин ва Хоҷа Абдулқодири Гӯянда омӯхтааст. Ӯ аз овони ҷавонӣ дар навохтани созҳои гуногуни мусиқӣ, бахусус қонун, чанг, рубоб ва сурудани таронаҳо маҳорати баланд дошт. Дарвеш Аҳмади Қонунӣ муддате, бинобар низоъҳои мазҳабии рӯҳониёну ифротгароёни динӣ Самарқандро тарк карда, аввал ба Бухоро, сипас ба Марв рафта, омӯзиши илми мусиқиро идома дод. Дар жанр, шаклҳои шеърию мусиқии «амал», «савт», «нақш», «рехта» ва ғайра бар ашъори Ҷалолуддини Румӣ, Саъдии Шерозӣ, Қосими Анвор таснифоти ҷолибе офаридааст, ки онҳоро сарояндаи машҳури замон Абдулмуъмини Сафиуддин бо шӯру шавқ дар маҷлису маҳфилҳои аҳли завқ месурудааст. Чун оҳангсоз дар тазмини зарбу навоҳои мақомҳои «Ироқ», «Ҳусайнӣ», «Кӯчак» (бештар ба ғазалиёти Саъдии Шерозӣ, Қосими Анвор) дар ҳавзаҳои эҷодию иҷроии Самарқанду Бухоро ва Ҳирот шуҳрати зиёд касб кардааст. Дарвеш Аҳмади Қонунӣ табъи хуби шоирӣ низ дошт ва ғазалҳои хуби ирфонӣ гуфтааст.

  • Дарвешалии Чангӣ. Рисолаи мусиқӣ. Р: 468-1, ИШ АИ Ӯзб.;