Дар он дунё
«Дар дунё», номи пуррааш «Дар дунё, ё достони зиёрат» — достони кӯтоҳи нависандаи тоҷик Фазлиддин Муҳаммадиев.
Муҳтаво
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҳтавои асар саропо танқиди дин мебошад ва зери таъсири идеологияи даврон навишта шудааст.
Муаллиф ин асарро бо интиқоди дин бар асоси таҷрибаҳои худ дар ҳаҷҷи соли 1965 бо як гурӯҳ аз мусалмонон ба шаҳрҳои Макка ва Мадина навиштааст. Повест аввалин бор соли 1966 дар Душанбе дар нашриёти «Ирфон» аз чоп баромад. Муҳаммадиев барои повестҳои «Дар он дунё» ва «Одамони куҳна» соли 1965 сазовори Ҷоизаи давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ гардидааст.[1][2]
Дар асар ба дини ислом аз нигоҳи ҳаҷвӣ назар карда шудааст. Муҳаммадиев пас аз бозгашт аз ҳаҷ аз гирифтани унвони Ҳоҷӣ даст кашида, достони «Дар он дунё»-ро навиштааст. Дар натиҷа, тибқи фарзияе як гурӯҳ мухолифони ақидаҳояш ӯро кардан дар соли 1986 бо корд куштанд.[3]
Асарро соли 1968 Ашӯралӣ Ахмедов ба забони узбакӣ тарҷума кардааст . 1970 Юрий Смирнов онро ба русӣ тарҷума кард. Нашри русияшро хонандагон хуш пазируфтанд. Соли 1982 онро Ситисилия Динаре ба онро литвонӣ тарҷума кард.[4][5] Соли 1983 дар нашриёти «Мориф» ба забони русӣ онро дубора нашр шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Anvar. МУҲАММАДИЕВ Фазлиддин Аминович (ru-UZ). Таджикистан - Энциклопедия на таджикском языке. 18 марти 2024 санҷида шуд.
- ↑ Биография и книги автора Мухаммадиев Фазлиддин. www.rulit.me. 18 марти 2024 санҷида шуд.
- ↑ Фараж. Фазлиддин Муҳаммадиевро кӣ кушт? (ru-RU). Фараж (17 октябри 2020). 18 марти 2024 санҷида шуд.
- ↑ Literatūra. Cecīlija Dinere (lv-LV). Literatūra. 18 марти 2024 санҷида шуд.
- ↑ Мухаммадиев, Фазлиддин; Динере, Ц. (1982). Путешествие на тот свет: Рассказы (2-е изд ed.). Рига: Лиесма.