Даҳяи Калбӣ
Даҳяи Калбӣ | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Таърихи таваллуд: | 592 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 670 |
Маҳалли даргузашт: | |
Маҳалли дафн: | |
Эътиқод: | ислом |
Ҳамсар | Дурра бинти Абулаҳаб[d] |
Ҷанг: | |
Иттилооти иловагӣ |
|
Лоиҳаҳои алоқаманд: |
Викианбор |
Вироиши Викидода |
Даҳя ибни Халифаи Калбӣ, маъруф ба Даҳяи Калбӣ (ар. دحیة بن خلیفه کلبی; 592, Dumat Al-Jandal[d], Al-Jowf Province[d] — 670, Мазза[d][1]) — аз бузургони саҳобаи расули Худо (с), ки ба Калб ибни Вабара шохае аз қабилаи Қузоа насаб мебарад. Вай ба ҳусни сурат ва чеҳраи зебо маъруф буда, фариштаи ваҳй Ҷабраил (а) аҳёнан ба сурати вай назди паёмбар (с) меомад. Соли 6-уми ҳиҷрӣ пас аз сулҳи Ҳудайбия расули Худо (с) ӯро ба ҳайси намоянда ва сафири худ бо номае ба сӯи ҳокими Бусро дар Шом ва аз он ҷо ба қайсари Рум Ҳирақл (Гераклиюс) фиристод. Даҳияи Калбӣ Ҳирақлро дар шаҳри Ҳумс дарёфт ва номаи паёмбар (с)-ро ба вай супурд.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Даҳя ибни Халифаи Калбӣ, бародари ширии Муҳаммад (с) ва аз хешони ширии ӯ аст ва дар кӯдакӣ аз як доя шир хӯрданд ва ӯро Разеъи Муҳаммади ислом мегӯяанд[2].
Даҳияи Калбӣ марди тиҷоратпеша ва аз сарватмандони араб буд. Вай тайи сафарҳои тиҷориаш ба Шом тавонист назари сарони қабоил ва насле аз амирзодагони қабилаи Ҷафнаро дар бодияи Шом ба мавқеи мусулмонон дар Мадина наздик гардонад ва миёни онҳо равобити ҳасана ва муносибатҳои дӯстона эҷод намояд, амре, ки баъдҳо дар фатҳи сарзамини Шом ва ҳамсӯ гаштани ин қабоил бо мусулмонон аҳаммияти фоиқе доштааст.
Ба гуфтаи баъзе муфассирон боре Даҳияи Калбӣ бо корвони тиҷорие вориди Мадина шуд ва чун хабари онро шуниданд, гурӯҳе аз мардум расули Худо (с)-ро дар аснои хутбаи намози ҷумъа раҳо карданд ва ба боздиди он корвон шитофтанд. Ин буд, ки Худо ояти 11-уми сураи «Ҷумуъа»: «Ва чун тиҷорат ва лаҳверо бинанд, ба сӯи он пароканда шаванд ва туро (ҳамчунон) истода раҳо созанд. Бигӯ: Ончи назди Худост, аз лаҳву аз тиҷорат беҳтар аст ва Худо беҳтарин рӯзидиҳандагон аст», нозил кард ва ин амали онҳоро мавриди сарзаниш қарор дод.
Даҳияи Калбӣ соли 13 ҳ. фармондеҳии гурӯҳе аз лашкари исломро дар ҷанги Ярмук ба уҳда дошт ва пас аз фатҳи Шом ба он сарзамин рафт ва дар деҳкадаи Мизза дар наздикиҳои Димишқ сукунат гузид. Даҳияи Калбӣ пеш аз ҷанги Бадр ислом овард ва дар ғазавоти пас аз Бадр бо расули Худо (с) ширкат дошта. Аз вай 3 ҳадис дар Муснади Бақӣ ибни Махлад ривоят шудааст ва Қалъаи Диҳя дар Доробҷурдро мансуб ба ӯ медонанд.
Орифони мусулмон зуҳури Ҷабраил (ъ)-ро ба сурати Даҳияи Калбӣ намунае аз зуҳур ва таҷаллии мавҷудоте донистаанд, ки дар ҷаҳони моддӣ сурат ва шакле надоранд.
Даҳя дар адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Зи бас к-омад ба наздики ту Ҷибрил,
Шуда чун Даҳяту-л-Калби Қурайшӣ. (Аттор)
Ҷабраил аз дасти ӯ шуд хирқадор,
Дар либоси Даҳя з-он гашт ошкор. (Аттор)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- А. Боқизода. Тафсири навини Қуръони карим. Д., 2012.
- سید غلامرضا تهامی، فرهنگ اعلام تاریخ اسلام. – تهران، 1387 ش.؛
- دائرة المعارف فارسی. ج. 1. – تهران، 1387 ش.؛
- دانشنامه جهان اسلام (17). – تهران، 2012؛
- خير الدين الزركلي، الأعلام، ج. 2. – بيروت، 2005؛
- ↑ 1.0 1.1 арабская Википедия — 2003.
- ↑ دیوان اشعار قدسی منحصر به فرد فقیر حضرت بسمل (رحمة علیه الله) / محمد انور بسمل. University of Arizona Libraries. 1991.