Девонаи Нойӣ
Зодгоҳ | Самарқанд |
---|---|
Таърихи даргузашт | 1495 |
Девонаи Нойӣ (номи аслиаш Султонмуҳаммад; гузари Хоҷа Абдуи Самарқанд — 1495, ҳамон ҷо) — найнавоз, оҳангсоз ва шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Муддате назди Хоҷа Абдулқодири Нойӣ, ки сарвари аҳли ҳунари Самарқанд буд, нозукиҳои илми мусиқиро омӯхтааст. Аз намояндаи барҷастаи ҳавзаи эҷодию амалии мусиқии Самарқанд Абдулмуъмини Ҳофиз асосҳои назарӣ ва амалии санъати сарояндагиро фаро гирифтааст. Девонаи Нойӣ дар навохтани сози най ва сабки иҷрои он дигаргуниҳои нави эҷодӣ ворид кардааст. Дар санъати ҳазлу танз табъи баланд дошта, риёкорону авомфиребонро ҳаҷву масхара мекард. Ба сабаби аъёну ашрофи шаҳрро масхара кардан ба ӯ унвони «Девона»-ро дода буданд. Дар маҷлиси аҳли тақво (Хоҷа Аҳрор, 1404—1490) найнавозӣ мекард ва орифони замон ба ӯ эҳтироми зиёд доштанд. Барои сози най дар шаклу навъҳои мусиқӣ («Амали най», «Навои най», «Кор ба ушшоқ», «Савти най», «Дили хубон» ва ғ.) ба зарбу навоҳои мақомҳои «Наво», «Бузург», «Рост» ва «Ҳусайнӣ» таснифот дорад. Бино ба маълумоти «Туҳфату-с-сурур»-и Дарвешалии Чангӣ Девонаи Нойӣ найнавози машҳури замони хеш будааст. Аксари ако- биру ашроф орзуи ҳамсуҳбатии ӯро доштаанд. Ғазалу рубоӣ, қитъаро хеле равон месурудааст.
Ғазали зер намунае аз ашъори рангини ӯст:
Эй лаби лаълат зи оби зиндагонӣ нектар,
Зиндагонӣ бе лаби лаълат намехоҳам дигар.
Абрувони дилкашат зоғони мушкинпайкаранд,
Дар талош афтода ҳар як бар сари бодоми тар.
Гар сари бозор гуфтӣ: «Мекушам девонаро»,
Моҳи ман, Девонаро нав гашт бозори дигар.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Девонаи Нойӣ / А. Раҷабов // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.
- Девонаи Нойӣ / А. Раҷабов // А — Калим. — Д. : СИЭМТ, 1988. — (Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир Ҷ. Азизқулов ; 1988—2004, ҷ. 1). — ISBN 5-89870.
- Осори мунтахаби Хоҷа Аҳрор ва пайравонаш. Ҷ. 1. Д., 1988;
- Донишномаи Шашмақом. Д., 2009.