Jump to content

Деҳоти Чашмасор (н. Ғафуров)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
ҷамоат
Ҷамоати Чашмасор
Ҷамоати Чашмасор (н. Ғафуров)
Нишон
Нишон
Кишвар  [[|]]
Тобеъи Ноҳияи Ғафуров
Шомили 28 деҳа
Маркази маъмурӣ Даштобод
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 843,2 км²
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 TJ.SU.
Коди телефон +992 3135
Нишонаи почта 735610
Домени интернет tj
Коди мошинҳо 02 TJ
Ҷамоати Чашмасор дар харита

Ҷамоати Чашмасор (то 2012 — Уткансой[1]) — ҷамоатест дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон.

Сохтори маъмурию ҳудудии ҷамоат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Чашмасор (Ӯткансой) аз ҷамоатҳои дурдасти ноҳия ба шумор меравад. Маркази он деҳаи Мирзоработ аз маркази ноҳия дар дурии зиёда аз 40 километр ҷойгир шудааст. Шӯрои қишлоқ соли 1958 таъсис ёфтааст, ки он вақт ба ҳудуди ноҳия Мастчоҳ ворид мешуд. Аҳолии ҷамоатро асосан ӯзбекон ташкил медиҳанд. Ҳоло теъдоди онҳо 10121 нафар мебошанд. Моҳи октябри соли 1974 Чашмасор ҳамчун деҳшӯро ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузаронида мешавад. Деҳаҳои ҷамоат, ки аз 34-то иборат мебошанд, ки аз маркази ҷамоат дар дурии то 52 километр воқеъ гардиданд. Аз сабаби он ки аҳолии Ҷамоат ӯзбекзабонанд, номи деҳаҳо бо забони ӯзбекӣ номгузорӣ шудаанд: Қатарбулоқ, Ҳулбубулоқ, Айнабулоқ, Дӯнгбулоқ, Қизилбулоқ ва ғайра. Ҳамчунин аз сабаби он ки минтақаҳои аҳолинишини Ҷамоат дар доманакӯҳҳо ҷойгир шудаанд ва аз оби чашмаҳо истифода мебаранд, номи деҳаҳо бо калимаҳои ӯзбекии «булоқ» номгузорӣ карда шудаанд. Калимаи «булоқ» ба забони тоҷикӣ маънои «чашма»-ро дошта, номи деҳаҳо маънои «Чашмаи сурх», «Чашмаи соф» номи деҳаи Ӯткансой ба номи зебои тоҷикии Чашмасор иваз карда шуд. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, ҷиҳати густариши равандҳои худшиносии миллӣ ва қадимияти марзу бум номи деҳаҳо бо забони давлатӣ номгузорӣ карда шуда, дар асоси дархосту пешниҳодҳои мардуми маҳал номи ҳамаи деҳаҳо иваз карда шуданд. Имрӯз дар ҳудуди ҷамоат 13 мактаб, беморхона дорои 25 кат ба мардуми ҷамоат хидмат мерасонад. Дар қаламрави ҷамоат клуб ва нуқтаҳои савдо мавҷуд мебошанд. Мардуми деҳаҳои ҷамоат асосан ба чорводорӣ, ғаллакорӣ ва қисман ба боғдорӣ шуғл меварзанд.[2]

Шароитҳои табиию иқлимӣ ва захираҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
Сол 2015
Аҳолӣ,
ҳазор наф.
10,2

Деҳоти ҷамоат

[вироиш | вироиши манбаъ]
Ҷамоати Чашмасор
Деҳа Аҳолӣ
Даштобод
Дашти Калон
Деҳқононбод
Зартеппа
Кӯҳсор
Сарчашма
Мирзоработ
Барфоб
Дараи Боло
Испандзор
Қамарқӯтан
Каттаоличалӣ
Қашқа
Мевағул
Намуна
Насимобод
Некроҳ
Оқур
Сардоб
Сафедорак
Сечашма
Сешаб
Сурхчашма
Тол
Хӯҷаобод
Ҳулбазор
Чашмаи Зулол
Шаббода

[3]

  1. Постановление Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан № 305 от 29 марта 2012 года — Викитека(рус.). ru.wikisource.org. 27 ноябри 2022 санҷида шуд.
  2. Ҷамоати деҳоти Чашмасор. 30 Январ 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 апрели 2017.
  3. Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.