Дилафрӯз Саидӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саидӣ Дилафрӯз Раббизода
Сангинова Дилафрӯз Абдурабиевна
Таърихи таваллуд 28 январ 1975(1975-01-28) (49 сол)
Зодгоҳ Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ технология
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои техникӣ
Унвонҳои илмӣ дотсент, Узви Академияи муҳандисии Тоҷикистон
 Парвандаҳо дар Викианбор

Саидӣ Дилафрӯз Раббизода (Сангинова Дилафрӯз Абдурабиевна,то 10 феврали соли 2017); тав. 28 январи 1975, ш.Ленинобод, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — номзади илмҳои техникӣ, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар ш. Хуҷанд[1]


Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Саидӣ Дилафрӯз 28 январи соли 1975 таваллуд ёфта, соли 1996 факултети технологии филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикситон бо ихтисоси «муҳандис-технолог» хатм намудааст. Соли 2011 ӯ дар мавзӯъи "Проектирование современной национальной одежды на основе бесконтактных методов измерения женских фигур" рисолаи номзадии худро дар Донишгоҳи давлатии Русия ба номи А.Н. Косигин (Технология. Дизайн. Санъат) ш. Москав дифоъ намуд.

Фаъолияти меҳнатӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

1997-1998 – устои баст ҶС “Ҷавонӣ”;
2002-2004 – ассистенти кафедраи технологияи саноати сабуки филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикситон;
2004-2012 – мудири кафедраи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд;
2012-2014 – сардори маркази тестии донишкада;
2014-2015 – муовини директор оид ба таълим;
Аз апрели 2015-то ҳол - директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи 74 асарҳои илмӣ, аз он ҷумла 36 шаҳодатномаи зеҳнӣ.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Саидӣ Дилафрӯз Раббизода бо Ифтихономаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Раиси вилояти Суғд сарфароз гардида, дорандаи нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. http://polytech.tj/dar-borai-donishkada/rayosati-donishkada/direktor Саидӣ Дилафрӯз Раббизода - директор, номзади илмҳои техникӣ, дотсент