Дилафрӯз Саидӣ
Саидӣ Дилафрӯз Раббизода | |
![]() Саидӣ Дилафрӯз Раббизода | |
Таърихи таваллуд: | 28 январ 1975 (50 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Ғафуров, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: |
![]() |
Таҳсилот: | Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (1996) Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатӣ дар назди Президенти Федератсияи Русия |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои техникӣ |
Унвонҳои илмӣ: | дотсент |
Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII |
![]() |
Саидӣ Дилафрӯз Раббизода (Сангинова Дилафрӯз Абдурабиевна,то 10 феврали соли 2017, Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ); тав. 28 январи соли 1975, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон) — сиёсатмадор, олим, номзади илмҳои техникӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII.[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Саидӣ Дилафрӯз 28 январи соли 1975 ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна, соли 1996 факултети технологии Филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо ихтисоси «муҳандис-технолог» хатм намудааст. Соли 2011 ӯ дар мавзӯъи "Проектирование современной национальной одежды на основе бесконтактных методов измерения женских фигур" рисолаи номзадии худро дар Донишгоҳи давлатии Русия ба номи А.Н. Косигин (Технология. Дизайн. Санъат) ш. Москав дифоъ намудааст. Доир ба мавзӯи тадқиқотиаш якчанд таълифоти илмӣ нашр намудааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]- Солҳои 2002-2004 — Ассистенти кафедраи технологияи саноати сабуки Филиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;
- Солҳои 2004-2010 — Мудири кафедраи тарҳрезии либос Филиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;
- Солҳои 2010-2012 — Мудири кафедраи технология ва тарҳрезии маснуоти саноати сабуки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар ш. Хуҷанд;
- Солҳои 2012 -2014 — Сардори маркази тестии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар ш. Хуҷанд;
- Солҳои 2014 -2015 — Муовини директор оид ба таълими Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар ш. Хуҷанд;
- Солҳои 2015-2023 — Директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ дар ш. Хуҷанд;
- Солҳои 2023-2025 — Дотсенти кафедраи технологияи саноати сабук ва нассоҷии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ дар ш. Хуҷанд;
- Аз марти 2025 то ҳол — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII.[2], узви Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия
- Дилафрӯз Саидӣ аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошад.
Мукофот
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ифтихономаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- Ифтихорномаи Раиси вилояти Суғд сарфароз гардида,
- дорандаи нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода(тоҷ.). www.parlament.tj. 13 апрели 2025 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода(тоҷ.). www.parlament.tj. 13 апрели 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 июни 2023.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 28 январ
- Зодагони соли 1975
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ғафуров
- Номзадҳои улуми техникӣ
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо
- Сиёсатмадорони Тоҷикистон
- Сиёсатмадорони асри XXI
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII
- Олимони Тоҷикистон
- Занони Тоҷикистон дар сиёсат
- Занҳо-сиёсатмадорони Тоҷикистон