Динори Баҳрайн
| Динори Баҳрейн | |
|---|---|
| ISO 4217: | |
| Кишварҳо: | Баҳрейн |
| Symbol: | ب.د |
Динори Баҳрайн, ب.د — воҳиди пули пули миллии шоҳигарии Баҳрайн, ки баробари 1000 филс мебошад. Кодаш: ISO 4217, рамзаш BHD (048).
Тавсиф
[вироиш | вироиши манбаъ]То 28 апрели 1959 дар Баҳрайн рупияи ҳиндӣ дар муомилот қарор дошт. Инчунин соверенаи британиягӣ ва талери Мария Тереза дар истифода буданд. Баъдан рупияи халиҷи Форс ба муомилот бароварда шуд. Соли 1965 қурби рупияи ҳиндӣ ва рупияи халиҷи Форс хеле поин рафт. Баъди ин ҳукумати Баҳрайн тасмим гирифт, ки пули миллии худро ба муомилот барорад. Динори Баҳрайн 11 октябри 1965 ба ҷои рупияи халиҷи Форс ба муомилот бароварда шуд. Солҳои 1966–73 он воҳиди пули миллии Аморати Абу Забӣ низ ба ҳисоб мерафт. Баъдан онро дар Аморати Абу Забӣ ба дирҳами Аморати Абу Забӣ иваз карданд.
Як Динори Баҳрайн баробари 10 рупияи халиҷи Форс арзиш дошт. Бо нашри пули Баҳрайн аввал (солҳои 1964–73) Шӯрои асъори Баҳрайн машғул буд. Аз соли 1973 ин корро Оҷонсии асъори Баҳрайн ба уҳда гирифт. Соли 2006 ин ниҳод ба Бонки марказии Баҳрайн табдили ном кард ва фаъолияти чопкунии пулро идома дод. Ҳоло дар муомилот пули коғазии 0,5, 1, 5, 10, 20-динорӣ, инчунин тангаҳои арзишашон 1, 10, 25, 50 ва 100-филсӣ қарор доранд.
Дар тӯли чанд даҳсола пули коғазии Динори Баҳрайн чор бор нашр шудааст: солҳои 1964, 1973, 1993–2001 ва 2006. Баъди ворид кардани тағйирот ба конститутсия аморати Баҳрайн ба шоҳигарии Баҳрайн табдили ном кард. Пас аз соҳибистиқлол гардидани кишвар дар рӯи Динори Баҳрайн акси подшоҳони Баҳрайн низ пайдо шуд. Пулҳои коғазии Динори Баҳрайн ороиши ба худ хос доранд. Дар рӯ ва пушти пулҳои коғазӣ акси сиёсатмадорон, биноҳои маъмурӣ, масҷидҳо ва ёдгориҳои таърихӣ тасвир шудаанд. Масалан, дар рӯи пули коғазии 20-динорӣ, ки соли 2001 бароварда шудааст, акси шоҳи шоҳигарии Баҳрайн Ҳамад ибни Исо ал-Халифа тасвир ёфтааст. Дар пушти ин пул акси масҷиди ал-Фотиҳа оварда шудааст.
Динори Баҳрайн яке аз устувортарин ва пурарзиштарин пулҳои миллии ҷаҳон ба шумор меравад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Динор / Б. Шафеъ // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.
