Jump to content

Баҳрайн

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Баҳрейн)
Подшоҳии Баҳрайн
مملكة البحرين
Мамлакату-л-Баҳрайн[1]
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Суруди миллӣ: «Баҳрайни мо»
Санаи истиқлол 14 августи 1971 (аз Бритониёи Кабир)
Забони расмӣ арабӣ
Пойтахт Манома
Шаҳрҳои калонтарин Манома
Шакли ҳукумат подшоҳии дугона[2]
Подшоҳи Ҳамад ибни Исо Оли Халифа
Нахуствазир Халифа ибни Салмон Оли Халифа
Дини давлатӣ ислом
Масоҳат
 · Ҳамагӣ 766 км²
 · % сатҳи об 0%
Аҳолӣ
 · Баҳо (2014) 1,343,000 нафар
 · Зичӣ 1,626.6 наф./км²
ММД (БҚХ)
 · Ҳамагӣ $34.908 миллиард долл.
 · ба сари аҳолӣ $29,146 долл.
 · ба сари аҳолӣ $24,281 долл.
ШРИ (2013) 0,796[3] (ниҳоят баланд)
Воҳиди пул динори баҳрайн (BHD, рамз 48)
Интернет-домен .bh
Рамзи ISO BH
Рамзи КБО BRN
Пешшумораи телефон +973
Минтақаи замонӣ +3

Баҳрайн, Давлати Баҳрайн (ар. مملكة البحرين‎ — Мамлакату-л-Баҳрайн) — давлат (аморат)-ест дар Шарқи Наздик, дар қисми шимолу ғарбии Халиҷи Форс. Дар ҳамсоягӣ бо қисми соҳилии Арабистони Саудӣ ва Қатар ҷойгир буда, аз 33 ҷазира иборат аст ва бузургтарини он — Баҳрайн бо Нимҷазираи Арабистон ба тавассути гарданаи 25-километрӣ пайваст мебошад. Дарозии ҷазираи Баҳрайн 50 км, бараш 16 км. Масоҳати умумии ҷазираҳо 695,15 км². Аҳолиаш 1,2 млн нафар (2011). Пойтахташ Манома (160 ҳазор нафар). Шаҳри бузургтаринаш — Ал-Муҳаррак (90 ҳазор нафар). Воҳиди пулӣ — динори баҳрайнӣ. Иди миллӣ — Рӯзи истиқлол (14.8.1971).

Сохти давлатдорӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарвари давлат — амир (шайх), Раиси ҳукумат — сарвазир (шайх) аст. Аз даст ба даст гузаштани ҳокимият меросӣ буда, танҳо ба аҳли хонадони амир насиб мешавад. Парламенти Баҳрайн дупалатагӣ. Палатаи поинӣ — Палатаи намояндагон дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ интихоб шуда, Палатаи болоӣ — Маҷлис-уш-Шӯро аз ҷониби сардори давлат таъйин мегардад. Ҳар палата 40-нафарӣ аъзо дорад. Баҳрайн ба 12 минтақаи мухтор тақсим шудааст. Дар Баҳрайн ҳизбҳои сиёсӣ вуҷуд надоранд. Ташкилотҳои сиёсии Баҳрайн: Ҷабҳаи миллии Баҳрайн, Ҷабҳаи озодии миллии Баҳрайн (фаъолияташон хуфя). Баҳрайн узви СММ, Лигаи Мамлакатҳои Араб, Хазинаи Байналмилалии Асъор мебошад. Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо Баҳрайн 20 майи 1995 барқарор шудаанд.

Харитаи Баҳрайн

Пайдоиши ҷазираҳои Баҳрайн қоравӣ ва марҷонӣ буда, хокашон бештар аз оҳаксанг иборат аст, қисми зиёди масоҳаташ биёбонии тропикист. Дар маҳалҳое, ки обҳои зеризаминии наздик ва чашмаҳо доранд, воҳаҳо вуҷуд доранд. Нуқтаи баландтарини галаҷаз. — Ҷабал-уд-дуҳан аз с. Баҳрайн 134 м баланд аст. Баъзе ҷаз-ҳо бо Баҳрайн ва дигар ҷаз-ҳои асосӣ бо дарғотҳо пайваст шуда, ҷаз-ҳои хурд бештар ба сахраҳои аз об намоён монанданд. Захираҳои нафт ва газ дорад.

Иқлими Баҳрайн тропикии ба субтропикӣ бадалшаванда аст. Боришоти миёнаи солона 90 мм буда, борон бештар дар фасли зимистон меборад. Ҳарор. миёнаи янв. +16°С, июл-авг. +37°С. Заминҳои корам ҳамагӣ 1,4 дарсади ҳудуди мамлакатро ишғол карда, дар воҳаҳо асосан дарахти нахли хурмо мерӯяд. Аз мавҷудоти зинда беш-тар мор, каждум, хояндаҳо ва шағол вомехӯранд. Барои ҳифзи ҷинсҳои нодири наботот ва ҳайвонот парваришгоҳи махсус (ал-Арин) таъсис дода шудааст.

Арӯс дар либоси сунатии арӯсӣ

Зичии миёнаи аҳолии Баҳрайн 1142,9 нафар дар 1 км², афзоиши он 1,61 дарсад, дарозии миёнаи умр 73,7 сол (мардҳо −71,3, занҳо −76,2) мебошад. Асосан арабҳо (73 дарсад), эрониҳо, покистониҳо, ҳиндуҳо, инчунин аврупоиён зиндагӣ мекунанд. Забони давлатӣ — арабӣ; англисӣ, форсӣ ва урду низ роиҷанд. Дини давлатӣ — ислом (85 дарсад, минҷумла аҳли ташайюъ — 75 дарсад); сунниҳо — 25 дарсад (хонадони амирони ҳукмрон аҳли суннатанд). Муътақидони динҳои насронӣ, яҳудоӣ, будоия, баҳоия ва зардуштӣ низ ҳастанд.

Ҳафриёти бостоншиносӣ ва баъзе сарчашмаҳои таърихӣ бошишгоҳҳои нахустини одамони ибтидоиро дар минтақаи Баҳрайн беш аз 50 ҳазор сол мешуморанд. Баҳрайн дар ҳазорсолаи 3 то м. дар баъзе сарчашмаҳои таърихӣ бо номи Дилмун зикр шудааст, ки дорои шаҳрҳо ва деҳкадаҳои қадима будааст. Аз рӯйи маълумоти сарчашмаҳои минбаъда метавон гуфт, ки оғози ташаккулёбиии Баҳрайн ба даврони давлатдории Ҳахоманишиён рост меояд. Аз як гузориши Табарӣ бармеояд, ки қабилаҳои араб танҳо пас аз суқути Ҳахоманишиён ва сулолаи Ашкониён дар Баҳрайн маскун шуда, ба зинаи баландтари зиндагии қабилавӣ расидаанд. Бузургтарин шаҳри он Ҳаҷар ном дошта, сараввал онро ба тамоми Баҳрайн нисбат медоданд. Дар ибтидои солшумории милодӣ як аморати хурд буда, дар садаҳои 4-6 дар ҳайати давлати Сосониён будааст. Ахбори нависандагони юнонӣ дар бораи Баҳрайн ё Сулус (Thylus) марбут ба даврони пас аз Ҳахоманишиҳо аст. Огоҳии муфассалтар аз Баҳрайн ба давраи Сосониён ва рӯзгори Ардашери Бобакон мансуб аст, ки баъди футуҳоти Баҳрайн он ҳамчун вилояте аз Эрон ёд шудааст. Сарварон ва амирони Баҳрайн то давраи зуҳури ислом ҳама эронитабор буданд. Бар асоси маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ чунин менамояд, ки дар Баҳрайн фарҳангу забони эронӣ нуфузи афзун дошта, қабилаи арабҳои минтақа қавми омадаву муҳоҷир ба ҳисоб мерафтанд. Таназзулу фурӯпошии давлати Сосониён ва паҳншавии дини ислом сарнавишти сиёсии минтақаи Баҳрайн-ро дар тӯли якчанд аср дигаргун карда, забону фарҳанги арабӣ ҷойгузини тамаддуни эронӣ шуд. Баҳрайн дар давраи хулафои нахустин аз назари идорӣ тобеи Мадина буд ва волиёну амирон аз маркази хилофат ба Баҳрайн фиристода мешуданд. Авв. садаи 9 Баҳрайн-ро қарматиҳо забт карданд. Дар садаи 13 Баҳрайн истиқлол ба даст овард, вале дере нагузашта ба аморати Ҳурмуз ҳамроҳ карда шуд. Дар аввали садаи 16 Баҳрайн-ро португалиягиҳо забт карданд. Баъди рондани онҳо дар чоряки 1 садаи 17 Баҳрайн ба ҳайати Эрони сафавӣ дохил шуд. Дар миёнаи садаи 18 дар Баҳрайн хонадони ал-Халиф дастболо гашта, ҳукмрони мамлакат шуд ва авлоди ин амирон то ҳол дар сари қудратанд. Солҳои 1871—1971 Баҳрайн таҳти васояти Британия буд. Солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар ҳудуди Баҳрайн Британия базаи ҳарбии хешро сохт. Аз 14 авг. 1971 давлати соҳибистиқлол мебошад.

Исёни Баҳрайн
Манама

Асоси иқтисоди Баҳрайн-ро истихроҷ ва коркарди нафт ташкил карда (аз с-ҳои 30 садаи 20), истеҳсоли гаҷ, оҳаксанг, алюминий, моҳидорӣ, гирифтани марворид ва исфанҷ (аз қаъри баҳр) мавқеъ доранд. Корхонаҳои таъмири киштӣ, истеҳсоли семент, истеҳсоли масолеҳи ҳунармандӣ, коркарди маводди кимиёӣ ва ғ. дорад. Инчунин сайди харчанги баҳрӣ, қорч ба роҳ монда шудааст. Дар мамлакат бахши бонкдории офшорӣ тараққӣ кардааст. Баҳрайн нафти хом, маҳсулоти мошинсозӣ, таҷҳизоти нақлиёт, маҳсулоти дӯзандагиро ворид ва маҳсулоти нафтӣ, кимиёӣ, алюминийро содир мекунад. Шарикони тиҷоратиаш: Британияи Кабир, Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, ИМА, Австралия. Дар Баҳрайн боғдорӣ (чормағз, писта, ситрусиҳо, шафтолу, хурмо, папайя), парвариши гӯсфанд, буз ва гови зебумонанд тараққӣ кардааст. Баҳрайн худро бо маводди ғизоӣ пурра таъмин мекунад.

Дар ибт. садаи 20 макотиби исломии қуттаба ягона манбаи таълим буд, ки танҳо бо аз бар кардани Қуръон маҳдуд мешуд. Баъди Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар мамлакат зарурати омӯхтани илмҳои замонро дарк карда, соли 1919 системаи мактабҳои давлатиро таъсис доданд (мактаби ал-Ҳидоя ал-Халифа дар Муҳаррак, 1926 — дар Манама, барои писарон). Аввалин мактаби давлатӣ барои духтарон соли 1928 боз гардид. Соли 2004 амир Ҳамад ибни Исо ал-Халифа дар низоми таълим технологияҳои информатсиониро ҷорӣ кард. Муҳлати таҳсил дар мактабҳо 12 сол аст. Дар Баҳрайн мактабҳои англисӣ ва амрикоӣ (мактаби Вазорати мудофиаи ИМА; муҳлати таҳсил 12 сол) низ фаъолият доранд. Барои таъмини таҳсилоти олӣ омӯзгорони хориҷиро ҷалб мекунанд. Дар Баҳрайн Донишгоҳи Баҳрайн, коллеҷи тиббӣ, донишгоҳҳои хусусӣ (аз соли 2001 дар Манама, Саар), донишгоҳи байналмилалии хусусӣ, ки танҳо барои таълими занону духтарон таъсис ёфтааст (соли 2005), фаъолият доранд.

Матбуот, радио, телевизион

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Баҳрайн ба забонҳои арабӣ ва англисӣ теъдоди зиёди газета ва маҷаллаҳо нашр мешаванд: «ал-Айём», «Ахбору-л-Халиҷ», «Галф Дейли Нюс»; маҷаллаи «Садо-ал-усбуъ» («Садои ҳафта») ва ғайра; инчунин г-ҳои ҳизбҳои ғайрилегалии Ҷабҳаи озодии миллии Баҳрайн-«ал-Ҷамоҳир», Ҷабҳаи миллии Баҳрайн — «Хамса марис» («Панҷуми март») ба табъ расида, дар тамоми Халиҷи Форс паҳн мешаванд. Дар Манама қароргоҳи Агентии иттилоотии мамолики Халиҷи Форс (Баҳрайн, Ироқ, Қатар, Кувайт, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ), ки фаъолияташ соли 1978 шурӯъ шуда буд, амал мекунад. Дар Баҳрайн шабакаҳои зиёди радио ва телевизиони давлатию хусусӣ барномаҳои гуногун пахш мекунанд (барои кишварҳои Халиҷи Форс). Соли 2000 Идораи радио ва телевизиони Баҳрайн филми 33-қисмии телевизионии «Нийрон» («Оташ»)-ро аз рӯи романи нависандаи тоҷик Ҷалол Икромӣ «Духтари оташ» ба навор гирифт, ки он борҳо аз тариқи шабакаҳои телевизионии давлатҳои Халиҷи Форс намоиш дода шудааст.

Дар Баҳрайн туризм тараққӣ кардааст (соле 8 млн сайёҳ). Сайёҳон бештар аз кишварҳои ҳамсоя ва хориҷаи дур, махсусан барои иштирок дар яке аз зинаҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба мусобиқаи автомобилҳо дар класси «Формула-1» — ҷиҳати иштирок дар супоридани ҷоизаи «Гран-при Баҳрайн» барои ғолибон меоянд (автодром дар мавзеи Сахир, дар байни биёбон воқеъ аст).

таҷассумгари тамаддуни 5-ҳазорсолаи маҳал ва дигар мардуми арабнажод мебошад. Дар ҷазира харобаҳои даврони атиқаи Дилмун, қалъаҳои аҳди қадим, мас., Калат-ал-Баҳрайн (ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудааст) маҳфуз мондаанд. Бинои бошукӯҳи Масҷиди ҷомеъ дар Манама, Хонаи Қуръон, Музейи миллӣ — ҳама ҷалбкунандаи сайёҳони дунё мебошанд.

Адабиёти муосири Баҳрайн ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷамъияти мамлакатро воқеъбинона тасвир менамояд. Санъати тасвирии кишвар услубу рӯҳи «мустақил»-и худро дорост.

  1. Бахрейн // «Банкетная кампания» 1904 — Большой Иргиз. — М. : Большая российская энциклопедия, 2005. — С. 123—126. — (Большая российская энциклопедия : [в 35 т.] / гл. ред. Ю. С. Осипов ; 2004—2017, т. 3). — ISBN 5-85270-331-1.
  2. Атлас мира: Максимально подробная информация / Руководители проекта: А. Н. Бушнев, А. П. Притворов. — Москва: АСТ, 2017. — С. 49. — 96 с. — ISBN 978-5-17-10261-4.
  3. Human Development Report 2013(англ.). United Nations Development Programme (2013). Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 августи 2013.
  • Новая российская энциклопедия. Т. 2. М., 2005;
  • Страны мира. Современный справочник. М., 2008.