Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Динори Ироқ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Динори Ироқ
ISO 4217:
Кишварҳо: Ироқ
Symbol: ع.د

Динори Ироқ, ع.د — воҳиди пули расмии Ҷумҳурии Ироқ. Ба 1000 филс баробар аст.

То Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ва дар давоми он ҳудуди имрӯзаи давлати Ироқ дар тасарруфи Хилофати усмонӣ қарор дошт ва воҳиди пули расмии хилофат куруш (пиастра)-и усмонӣ буд. Вале рупияи Ҳиндустон, ки бо фунт-стерлинги британиягӣ алоқаманд буд, бештар дар истифода қарор дошт. Соли 1916 Британияи Кабир ҳудуди имрӯзаи Ироқро ба тасарруфи худ дароварда, куруши усмониро аз муомилот хориҷ кард ва дар муомилот расман рупияи Ҳиндустон боқӣ монд.

Динори Ироқ солҳои 1931–32 ба ҷои рупияи ҳиндӣ ба муомилот бароварда шуд. Ин ҳама корҳоро Кумитаи арзи миллӣ ба ҷо меовард, ки соли 1947 салоҳияти он ба Бонки марказии Ироқ дода шуд. Динори Ироқ дар давраи аввали ба муомилот баромаданаш баробари як фунт-стерлинги Британия арзиш дошт ва дар бозор бо ҳамин нарх табодул мешуд. Аз соли 1959 раванди бештар ба доллар табодул кардани динори Ироқ суръат мегирад ва қимати як динори Ироқ баробари 2,8 доллари ИМА эълон мешавад. Пулҳои коғазиеро, ки аз соли 1986 то соли 2003 дар Ироқ ҳамчун пули расмии кишвар дар муомилот қарор доштанд, «динорҳои саддомӣ» мегуфтанд. Дар муомилоти доимӣ онҳо баъди ҷанги якуми Халиҷ пайдо шуданд. Дар ҳамаи онҳо сурати Саддом Ҳусайн тасвир ёфтааст. Соли 1990 динори Ироқ баробари 3 доллари ИМА арзиш дошт ва аз лиҳози арзиш яке аз устувортарин пулҳои ҷаҳон ба шумор мерафт. Вале баъди дар соли 1990 ба хоки Қувайт ҳамла кардани Ироқ ва бар зидди Ироқ оғоз гардидаи амалиёти низомии чандин кишвари ғарбӣ «Тӯфон дар биёбон» ва таҳримҳои иқтисодӣ арзиши динори Ироқ ба маротиб поин рафт. Соли 2003 як доллари ИМА дар нуқ­таҳои табодули пул ба 2000 динори Ироқ иваз карда мешуд. Дар шимоли кишвар, дар Курдистон, пулҳои даврони пеш аз Саддом, ки онҳоро ба сабаби дар Швейсария чоп шуданашон пулҳои швейсарӣ низ мегуфтанд, ба муомилот бароварда шуданд. Тамоми пулҳои коғазии қаблан нашргардида аз муомилот хориҷ гардида, аз 15 октябри 2003 пулҳои коғазии нави 50, 250, 500, 1000, 5000, 10000, 25000-динорӣ ба муомилот бароварда шуданд. Табодули пулҳои нав бо пулҳои коғазии куҳна то 15 январи 2004 давом кард. Баъди ин пулҳои коғазӣ бо тасвири Саддом Ҳусайн ғайриқонунӣ шумурда шуданд. То рӯзи табодули пулҳои коғазии наву куҳнаи динори Ироқ дар Ироқ як доллари амрикоӣ ба 1000 динори Ироқ ва як динори нав бо як динори куҳна иваз карда мешуд. Аммо як «динори швей­сарӣ»-ро ба 150 динори Ироқ иваз мекарданд. Дар пушту рӯи пулҳои коғазии динори Ироқ осори таърихӣ, ҳайвоноту набототи кишвар, манзараҳои табиат, биноҳои маъмурӣ тасвир ёфтаанд.

Дар Ироқ дар баробари пулҳои коғазӣ тангаҳои 25, 50, 100-динорӣ, ки аз пӯлоду мис сикка зада шудаанд, низ дар муомилот қарор доранд.

Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи