Додгоҳи олии Тоҷикистон
Таърихи таъсис | 1929 |
---|---|
Кишвар | |
Қонунӣ барои | Тоҷикистон |
Додгоҳи олии Тоҷикистон (расман: Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) — баландпоятарин марҷаъи ҳуқуқи маданӣ, ҷазоӣ ва идорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон[1][2].
Додгоҳи олии Тоҷикистон назорати додгоҳиро аз болои фаъолияти додгоҳҳои ҳарбии гарнизонҳо, додгоҳи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо оид ба парвандаи гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ ва дигар парвандаҳои дар тобеяти ин додгоҳҳо буда амалӣ мегардонад. Дар ҳайати раис, муовини якум, муовинон, додгоҳяҳо ва мушовирони халқӣ фаъолият менамояд. Дар Додгоҳи олӣ Пленуми Додгоҳи Олӣ[3], Раёсати додгоҳи Олӣ, коллегияҳои додгоҳӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва коллегияи ҳарбӣ таъсис дода мешавад. Тарзи ташкил, салоҳият ва сохторҳои дохилии Додгоҳи олиро Қонуни асосии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Тоҷикистон «Дар бораи додгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба танзим медарорад. Иҷрои санадҳои қабулкардаи Додгоҳи олӣ (ҳалномаҳо, ҳукмҳо, таъйинотҳо ва дигарҳо) дар тамоми ҳудуди кишвар ҳатмӣ мебошад. Додгоҳи олӣ дар доираи салоҳияти худ масъалаҳои зеринро баррасӣ менамояд: парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ғайраро ба сифати додгоҳи зинаи якум, дуюм, бо тартиби назоратӣ ва аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоргардида баррасӣ менамояд; дар бораи конститутсионӣ будани қонуни татбиқшуда оид ба парвандаи мушаххас ҳуқуқ дорад ба Додгоҳи конститутсионӣ муроҷиат намояд; таҷрибаи додгоҳиро ҷамъбаст карда, омори додгоҳиро таҳлил менамояд, ба додгоҳҳо доир ба масъалаҳои татбиқи қонунҳои амалкунанда, ки ҳангоми баррасии парвандаҳои додгоҳӣ ба миён меоянд, тавзеҳоти дастурӣ медиҳад, ҳолати аз тарафи додгоҳҳо иҷро шудани ин тавзеҳотро назорат мекунад; дар доираи салоҳияташ масъалаҳоеро, ки аз шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҳаллу фасл менамояд; дигар салоҳиятҳоеро, ки қонун пешбинӣ намудааст, амалӣ мегардонад.
Раҳбарони пешини Додгоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бобо Ҳамдамов (1924—1934), С. Мамедов (1934—1936), С. Абдулхайров (1936—1938), П. Абдуллоев (1938—1940), Ҳ. Урунов (1940—1943), К. Анваров (1943—1948), М. И. Исмоилов (1948—1957), М. Раҷаббеков (1957—1958), Ҳ. Назаров (1958—1962), С. Раҷабов (1962—1970), С. Қурбонов (1970—1986), И. Хоҷаев (1986—1990), Ш. Ҷ. Маҳмудов (1990—1995), Убайдулло Давлатов (1995—2000), Салимбой Фатҳиллоев (2000—2005), Избилло Хоҷаев (2005—2006), Нусратулло Абдуллоев (2006—2015), Шермуҳаммад Шоҳиён (2015—токунун).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Конституция Республики Таджикистан – Президенти Тоҷикистон – President of Tajikistan – Президент Таджикистана – رئيس جمهورية تاجيكستان. www.prezident.tj. 11 июни 2019 санҷида шуд.
- ↑ Конституционный Закон Республики Таджикистан «О Судах Республики Таджикистан». 1 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 ноябри 2015.
- ↑ Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 июли соли 2014, № 1084. sud.tj. 1 ноябри 2022 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 585—586. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.