Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Шермуҳаммад Шоҳиён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шермуҳаммад Шоҳиён
Шермуҳаммади Шоҳиён
Таърихи таваллуд 6 январи 1962(1962-01-06) (64 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Балҷувон , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Навъи фаъолият вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҳсилот Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Ҷоизаҳо Ҳуқуқшиноси хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999), Ордени Исмоили Сомонӣ (2020)

Шермуҳаммади Шоҳиён (1962, ноҳияи Балҷувон, вилояти Хатлон) — Аз моҳи феврали соли 2011 раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шермуҳаммади Шоҳиён соли 1962 дар ноҳияи Фархори, вилояти Хатлон) ба дунё омадааст.

  • Солҳои 1984-1987 — Адвокати маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон;
  • Солҳои 1987–1990 — Судяи суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон;
  • Солҳои 1990–1991 — Судяи суди вилояти Хатлон;
  • Солҳои 1991–1994 — Раиси суди шаҳри Нораки вилояти Хатлон;
  • Солҳои 1994 -1995 — Муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1995-2000 — Муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1997–2000 — Аъзои Комиссияи оштии миллӣ;
  • Солҳои 2000–2006 — Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2006-2010 — Раиси Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2010-2011 — Вакил, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният;
  • Солҳои 2011-2015 — Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2015-2025 — Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Аз моҳи марти соли 2025 — Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Аз 19 марти соли 2025 дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.[1].
  1. Муовини аввал(тоҷ.). www.parlament.tj. 9 апрели 2025 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)