Jump to content

Бобо Ҳамдамов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бобо Ҳамдамов
соли 1929 — соли 1932
Ҷонишин С. Мамедов
соли 1932 — соли 1933
Пешгузашта Л. Ризоев
Ҷонишин А. Ёрмуҳаммадов

Таваллуд 1902
Даргузашт 1972

Бобо Ҳамдамов (1902, Ярм, вилояти Суғд1972, Зарафшон, вилояти Суғд) — давлатмарди шӯравии тоҷик, аввалин Раиси Суди Олии ҶШС Тоҷикистон, Раиси шаҳри Сталинобод[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бобо Ҳамдамов соли 1902 дар деҳаи Ярми ноҳияи Масчо ба дунё омадааст[2]. Солҳои 1921—1922 коргари корхонаҳои навоҳии Фарғона буд. Солҳои 1923—1924 ихтиёрӣ ба сафҳои Артиши Сурх дохил шуда, ба сифати роҳбалад ва мукташиф (разведчик) дар отряди 4-уми ихтиёрии полки аскарони савораи 12-ум хидмат кардааст. Солҳои 1924—1925 раиси шӯрои деҳоти Палдораки ноҳияи Масчо, солҳои 1925—1926 раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Ӯротеппа, солҳои 1926—1928 раиси Суди ҳавза (округ)-и вилояти Ӯротеппаву Панҷакент буд. Аз моҳи марти соли 1928 то моҳи январи соли 1929 дар вазифаи Раиси суди калони ҶМШС Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз моҳи январи соли 1929 то моҳи августи соли 1929 ҷонишини раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб буд. Ҳамон сол дубора раиси Суди калони ҶМШС Тоҷикистон таъйин шуд. Баъди 26 октябри соли 1929 бо қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфтани Суди олӣ нахустин раиси Суди Олии ҶШС Тоҷикистон ва муовини Комиссари Халқии Адлия оид ба қисми судӣ гардид ва дар ин вазифа то соли 1932 кор кард.

Бобо Ҳамдамов узви Кумитаи иҷроияи марказии Шӯроҳои ҶМШС Тоҷикистон (интихоботи якум, дуюм, сеюм) ва узви Президиуми Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон (интихоботи чорум) буд ва ба ҳайси намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон дар чанде аз ноҳияҳо дар таъсиси мактабҳо, сохтмони роҳҳо, ислоҳоти замин, воридкунии техникаи хоҷагии қишлоқ, обёрии заминҳо, ташкил намудани хоҷагиҳои коллективӣ ва шӯроҳо саҳм гузоштааст.

Солҳои 1932—1933 Бобо Ҳамдамов бо пешниҳод ва дастгирии Шириншоҳ Шотемур — Раиси Президиуми Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон, дар вазифаи Раиси шӯрои вакилони халқи шаҳри Сталинобод фаъолият намудааст, яъне дуюмин раиси шаҳри Сталинобод буд.

Бобо Ҳамдамов моҳи июни соли 1933 дар асоси мактубҳои беимзо ба иштирок дар созмони миллатгароёнаи зидди инқилобӣ гунаҳгор гардида, 8 моҳ — то моҳи марти соли 1934 дар маҳбаси Раёсати муттаҳидаи сиёсии давлатии назди Шӯрои комиссарони халқии ИҶШС — мақомоти махсуси амнияти давлатии ИҶШС (ОГПУ при СНК СССР), дар шаҳри Тошканд нигоҳ дошта шуд. Бегуноҳиаш исбот гашт. Аз маҳбас озод шуда, ба сафи Ҳизби коммунист барқарор гардид.

Ӯсолҳои 1935—1936 муовини сардори хоҷагии коммуналӣ ва заминсозии Тоҷикистон буд. Солҳои 1936—1937 колхозчии колхози «Коммуна»-и ноҳияи Масчо ва раиси Ҷамъияти матлуботи ин ноҳия, муовини сардори раёсати хоҷагии коммуналӣ ва заминсозии Тоҷикистон буд.

Солҳои таъқибот (репрессияи солҳои сиюм) ӯ дубора бо туҳмат, ки гӯё узви созмони зиддишӯравии буржуазии миллатгароӣ бошад, аз июли соли 1937 то майи соли 1939 дар маҳбаси тафтишотии Комиссариати халқии умури дохилаи (Народный комиссариат внутренних дел) шаҳри Сталинобод нигоҳ дошта шуд. Баъди исботи бегуноҳӣ ва озодшавӣ аз ҳабсхона, моҳи январи соли 1940 ба сафи Ҳизби коммунист барқарор гардид.

Бобо Ҳамдамов солҳои 1940—1954 муовини раиси Ҷамъияти хӯроквории шаҳри Ӯротеппа, раиси Ҷамъияти матлубот, сардори Раёсати кишоварзӣ, раиси колхози «Коммуна» ва раиси колхози ба номи Андреев дар ноҳияи Масчо буд. Солҳои 1954—1955 ба ҳайси намояндаи ваколатдори Вазорати маҳсулоттаёркунии Иттифоқи Шӯравӣ дар ноҳияҳои Масчо ва Пролетар адои хидмат намудааст.

Соли 1954 баъди қабули қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон дар бораи аз ноҳияҳои кӯҳӣ ба водӣ кӯчонидани аҳолӣ бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ Бобо Ҳамдамов роҳбарии кӯчонидани аҳолии якчанд деҳаи Масчои куҳнаро ба уҳда гирифт ва аввалин шуда бо ҳамдеҳагони худ ва мардуми деҳоти дигари ин ноҳияи кӯҳистон ба ноҳияи Пролетар кӯчид.

Солҳои 1955—1963 дар колхози ба номи Молотови ин ноҳия (баъд номи Молотов ба «Ленинград» иваз шуд) сардори бригадаи сохтмончиён, муовини раис, дар колхози навбунёди «Ҳаёти нав» дар вазифаи раиси аввалини ин хоҷагӣ ва ҷонишини раис кор кардааст.

Ӯ узви сексияи тоҷикистонии собиқадорони инқилоб ва ҷанг дар назди Хонаи афсарони шаҳри Душанбе буд. Ӯ соли 1963 ба нафақа баромадааст. Нафақагир барои хидматҳои махсус дар назди Ҳукумати Тоҷикистон буд.

Бобо Ҳамдам соли 1972 дар синни 70-солагӣ вафот кардааст. Дар қабристони деҳаи Зарафшони ноҳияи Пролетар (ҳоло Ҷаббор Расулов) ба хок супурда шудааст.

Бобо Ҳамдамов барои хидматҳояш дар назди халқу ватан бо ордену медалҳо ва ифтихорномаҳо қадр шудааст:

  • Ордени Байрақи Сурхи Меҳнати РСС Тоҷикистон (Қарори Президиуми КИМ РСС Тоҷикистон аз 3.12.1932, протоколи № 31);
  • Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945» (Қарори Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС аз 6.06.1945);
  • Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» ба муносибати ҷашни 100-солагии В. И. Ленин (аз номи Президиуми Шӯрои Олии ИҷШС мукофотонида шудааст. 28.3.1970);
  • Ифтихорномаи КМ ҲК Тоҷикистон, Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва Шӯрои Вазирони Тоҷикистон (№ 310, ш. Душанбе, 1967);
  1. Дар асоси қарори Кумитаи иҷроияи вакилони ноҳияи Пролетар (ҳоло Ҷаббор Расулов) аз 20.02.1991, № 64, колхози «Съезди 22 партия» ва кӯчаи марказии деҳаи Зарафшони ин ноҳия ба номи Бобо Ҳамдамов гузошта шудааст;
  2. Мувофиқи қарори Ҳукумати шаҳри Душанбе аз 1.02.1995, № 72 ва Қарори Раиси ноҳияи Фрунзеи (ҳоло Сино) ш. Душанбе, № 479, аз 5. 11. 2002, маҳаллаи Зарафшон-2 -и пойтахт ба номи Бобо Ҳамдамов номгузорӣ гардида, лавҳаи хотираи абадии ин арбоби давлатию ҷамъиятӣ дар девори шимолии бинои 2 М −1-и ин маҳалла насб карда шуд. Маросими насби лавҳаи хотираи абадӣ 13 апрели соли 2014 сурат гирифт;
  3. Мувофиқи қарори Ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов аз 3.09.1995 дар маркази деҳаи Зарафшони ноҳияи Ҷаббор Расулов нимпайкараи биринҷии Бобо Ҳамдамов гузошта шудааст;
  4. Мувофиқи қарори раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов аз 29. 7. с. 2002, таҳти № 122 ва қарори раиси вилояти Суғд аз 19.08. 2002 таҳти № 192 ҷашни 100-солагии Бобо Ҳамдамов дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ ва Кӯҳистони Мастчоҳ таҷлил гардид. Ба ин муносибат яке аз кӯчаҳои марказии шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ ба номи Бобо Ҳамдамов гузошта шуд;
  5. Мувофиқи қарори раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов аз 12.11.2012, таҳти № 603 дар ноҳия 110-солагии Бобо Ҳамдамов ҷашн гирифта шуд. Ба ин муносибат бо ташаббуси домоди хонавода — Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илми тиб, профессор, асабпизишк, зиндаёд Рачабалиев Шералӣ ва бо дастгирии Ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов осорхонаи шахсии Бобо Ҳамдамов таъсис ва ифтитоҳ гардид;
  6. Дар асоси қарори раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов аз 26.11. 2015, № 596, номи осорхонаи шахсӣ ба номи Хона — осорхонаи Бобохон Ҳамдамов иваз карда шудааст. Соли 2019 Хона — осорхонаи ба номи Бобо Ҳамдамов дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои иштироки фаъолона дар Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони «Оинаи таърих» бо Дипломи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст;
  7. Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати чорум аз 25.12.2014, № 529, мактаби таҳсилоти асосии № 30-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба номи Бобохон Ҳамдамов гузошта шудааст;
  8. Расм ва маълумоти мухтасар оид ба ҳаёт ва фаъолияти Бобо Ҳамдамов дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва осорхонаҳои таърихӣ — кишваршиносии шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Кӯлоб, Панҷакент, ноҳияҳои Данғара, Абдураҳмони Ҷомӣ, Темурмалик, Ҷаббор Расулов (ҷамоати Ғӯлакандоз) ва Осорхонаи ба номи Саидалӣ Вализода (дар зерсохтори Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб) маҳфузанд.


Филмҳои ҳуҷҷатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • «Ҳақиқати таърих — ҳақиқати ҳаёт». Муаллиф ва коргардон Шавкат Муҳаммадиев. Шабакаи телевизиони «Тоҷикистон». 17 июни с. 2013;
  • Навори ҳуҷчатии иттилоотӣ дар бораи номгузории маҳалла дар шаҳри Душанбе. 13 апрели с. 2014. (Дар барномаҳои «Ахбор»-и шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Пойтахт» пахш шудааст);
  • Навори ҳуҷҷатии иттилоотӣ дар бораи Хона — осорхонаи Бобо ҳамдамов. Барномаи «Ахбор»-и телевизиони «Сафина». Дар вилояти Суғд намоиш дода шудааст. С. 2018;
  • Навори ҳуҷҷатии иттилоотӣ дар бораи номгузории мактаби № 30, ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ. Аз тарафи телевизиони Суғд пахш шудааст.
  • Ҳамдамов Бобо // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).
  • Ҳамдамов Бобо // Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 660—661. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.
  • Ҷалол Икромӣ. «Он чӣ аз сар гузашт». Ёддоштҳо. Душанбе, 2009.
  • Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6. Душанбе, «Эҷод», 2009.
  • «Родмарди ҷонфидо», Душанбе, нашриёти «Ирфон», 2001. (Маҷмӯаи мақолаҳо, хотираҳо, шеърҳо дар бораи Б. ҳамдам. Ёддоштҳои Б. Ҳамдам (саҳ.72-118).
  • "Бо номи халқ. Хотираҳои Б. ҳамдам. Ба чоп тайёркунанда Дилафрӯз Икромӣ. Нашриёти «Ирфон», Душанбе, с. 1976.
  • «Солдат революции». Статья. Автор И. Каландаров. Журнал «Социализм: теория и практика», № 1- 2, (13-14), 2002.
  • «Бобо ҳамдам — председатель Сталинабада». Статья. Автор И. Каландаров. Газета «Паёми Душанбе», 19.11. 2004 г.
  • «Таърихро корнамоиҳои арзандаи фарзандони бонангу номус ба вуҷуд овардаанд». Мақола. Муаллиф Барнои Валӣ. Рӯзномаи «Инсон ва қонун». № 3 (184). Марти с. 2017.
  • «Ҳақбин. Мақола. Муаллиф Умари Шерхон. Рӯзномаи „Минбари халқ“, № 45 (1181), 31.10. 2018.
  • „Бобохон ҳамдамов кӣ буд?“. Мақола. Муаллиф ҳусейни Нарзулло. Рӯзномаи „Садои мардум“, № 11(3961), 26.1.2019.
  • „Мубориз“. Мақола. Муаллифон Шералӣ Раҷабалиев, Сайфуллоҳи Муллоҷон. „ҷавонони Тоҷикистон“, № 44 (9626), 31.10.2019.
  • „ҳаёти пурталотуми як муборизи воқеӣ“. Мақола. Муаллифон Шералӣ Раҷабалиев, Сайфуллоҳи Муллоҷон. Рӯзномаи „Машъал“, № 12 (8025), 25.4.2020.
  • „ҳақшинос“. Мақола. Муаллиф Умари Шерхон. Рӯзномаи „Ҷумҳурият“, № 212 (24067) 28.10.2020.
  • Ёде аз корнома». Мақола. Муаллифон Шарифҷон Шарифов, Фаридун Миракзода. Рӯзномаи «Минбари халқ», № 50 (1396), 21.12. 2022.
  • «Улица в Душанбе названа именем Бобо Хамдамова». Статья. Автор Талъат Нигорова. Газета «Вечерний Душанбе», 15 апреля 2014 г.
  • «Хӯшаҳо аз гӯшаи хотироти падар». Пора аз достони мустанад. Муаллиф Мирзо Шукурзода. «Адабиёт ва санъат», № 3(2233), 18.1.2024.
  • «Бобохон Ҳамдамов — нахустин раиси Суди Олии ҶШС Тоҷикистон». Муаллиф Раҷабалиев Ш. // Машъал. — Мастчоҳ, 30 марти 2017.