Jump to content

Домкрат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бардораи автомобил
Бардораи роҳиоҳанӣ УДС-160МА

Домкра́т (аз ҳол. dommekracht), бардора (форсӣ: برداره‎)[1]абзори механикӣ барои бардоштани бори вазнин.

Домкратҳо мувофиқи сохт ва тарзи корашон рейкадор, винтӣ, ҳидравликӣ ва аз рӯи намуди ҳаракатовар дастӣ, электрӣ, пневматикӣ мешаванд. Бо домкрат то 1500 т борро ба баландии 0,15–2,6 м мебардоранд.

Ҷузъи асосии домкрати рейкадор филизтахтаи боринтиқолдиҳандаест, ки барои такя намудани бор палла дорад. Аз рӯи навъи механизми интиқолдиҳанда домкратҳои рейкадор фишангдор ва дандонадор мешаванд. Бо­ри бо филизтахта бардошташударо тавассути таҷҳи­зоти танбадор нигоҳ медоранд. Зариб (коэффитсиент)-и кори фоиданоки домкрати рейкадор 80% аст. Ҷузъи асосии домкрати винтӣ аз винте иборат аст, ки ба он тавассути шарнир паллаи борбардор васл мегардад.

Инчунин домкрати винтие мавҷуд аст, ки ба болои чанача васл карда шуда, борро ба таври уфуқӣ ҳаракат меди­ҳад. Зариби кори фоиданоки домкрати винтӣ 30–40% мебошад.

Дар домкрати ҳидрав­ли­кӣ барои бардоштани бор фишори моеъотро истифода мебаранд, ки тавассути насос интиқол меёбад. Домкрати ҳидравликӣ давра ба давра (мунфасил) амалкунандаи ҳа­ракатовараш дас­тӣ ва муттасил амалкунандаи ҳаракат­о­ва­раш механи­кӣ мешавад. Домкрати ҳидрав­ликӣ ҳаракати муназзам, хо­сияти худтормоздиҳӣ, қо­билияти борбардории зиёд дошта, зариби кори фоиданокаш 75–80% аст. Домкратҳоро барои таъмиру васл кардани ҷузъҳои вазнин, баровардану фаровардани борҳо ва ғайра истифода мебаранд.

  1. پارسی ویکی. معنی برداره | پارسی ویکی(форсӣ). www.parsi.wiki. 31 октябри 2018 санҷида шуд.