Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Домулло Азизов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Домулло Азизов
Таърихи таваллуд 2 (15) марти 1913
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 24 октябри 1943(1943-10-24) (30 сол)
Маҳалли даргузашт
Навъи фаъолият ходими низомӣ, омӯзгор
Мансубият Шаблон:Империяи Русия
 Иттиҳоди Шӯравӣ
Намуди қушун пиёданизом[d]
Рутба Сержанти хурд
Ҷангҳо
Ҷоизаҳо

Домулло Азизов (1913, деҳаи Қистакӯз, уезди Хуҷанд — 1943, деҳаи Остров, вилояти Гомел) — Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1943), сержанти хурд. Соли 1934 дар зодгоҳаш котиби ташкилоти комсомолии колхози «Якуми Май» буд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1935 дар шаҳри Хуҷанд рабфакро хатм намуда, аз 1 сентябри 1936 дар мактаби деҳаи Қистакӯз муаллим буд. Соли 1942 аз Комиссариати ҳарбии ноҳияи Чкаловски вилояти Ленинобод ба сафи Армияи Сурх даъват шуда, дар полки 120-уми тирандозии дивизияи 69-уми пиёдагарди Армияи 65-уми Ҷабҳаи Белоруссия ва аз соли 1943 дар ҷабҳаҳои Ғарбӣ ва Марказӣ ба сифати командири расчёти пулемётчиён зидди фашистон ҷангидааст. 15 октябри 1943 ҳангоми убури дарёи Днепр дар ноҳияи Лоеви вилояти Гомели Ҷумҳурии Белоруссия аввалин шуда аз дарё гузашт ва бо норинҷаки дастӣ пулемётчиёни душманро аз байн бурда, гурӯҳи гитлерчиёнро нобуд кард. Расчёти Азизов дар камингоҳ истода, се ҳуҷуми душманро зада гардонд ва пешравии қисмҳои дигари ҳарбии шӯравиро таъмин намуд.

Барои абадӣ гардондани хотираи Азизов дар зодгоҳаш ноҳияи Хуҷанди вилояти Суғд ҷамоати деҳот, мактаби миёна, колхоз ба номи вай монда, дар маркази колхоз нимпайкараи қаҳрамон гузошта шудааст. Соли 1974 дар он мактаб ба хотираи Азизов музейи «Шарафи ҷангӣ» таъсис ёфт.

  • Бозорбоева М., Кенҷаева М., Муаллимони қаҳрамон. — Душанбе,1982;
  • Днепр — река героев. Свидетельства всенародного подвига. — Киев,1983;
  • Сафаров Р. Ҳазору як корнома./Иборат аз 3 ҷилд. / Ҷ.1. — Душанбе: Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик. — Душанбе,1995.- 568 с.

 Игорь Сердюков. Домулло Азизов. Сайти «Герои Страны». 2 марти 2015 санҷида шуд.