Размовар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Размовар
Tajikistan-Army-OR-9a.png
Сардӯшии размовар дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон.
Кишвар  Tajikistan
Нерӯ Артиш
Кӯтаҳнивишт форсӣ: رزم‌آور‎
Ҳамто дар НАТО[en] OR-9a
Дараҷаи болотар Размсоз
Дараҷаи поинтар Саргурӯҳбон
Дараҷаҳои баробар

Размовар (форсӣ: رزم‌آور‎‎) — дараҷае низомӣ ва симате афсарёрӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз размсоз ва болотар аз саргурӯҳбон мебошад; прапоршик.

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи поинтар:
Саргурӯҳбон

Нишони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.jpg
Размовар
Дараҷаи болотар:
Размсоз

Вожашиносӣ[вироиш]

«Размовар» аз ду бахш сохта шудааст: разм + овар. Мақулаи дастурии ин вожа исму сифати фоъилӣ ва сохтвожаи он ба сурати [исм (разм) + асоси феъли замони ҳозираи «овардан» (овар)] аст. Дар сохти ин сифат аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.

«Размовар» (аз разм (форсӣ: رزم‎ «ҷанг, набард» < порсии миёна: razm < порсии бостон: *razman- «рада, ороиш» < эронии бостон: √raz- «рост кардан; дар як рада рост кардан, оростан» > авестоӣ: rasman-) + овар > овардан) ба маънии «разманда, ҷангҷӯ» дар «Шоҳнома» ба кор рафтааст. Бузургвор Фирдавсӣ гуфта:

Ки гурдон кадоманду солор кист,
Зи размоварон ҷангро ёр кист[1].

Размовар дар пайравӣ аз «таҳмовар» ва «гурӯҳвар» сохта шуда ва барои ҷойгузин кардани дараҷаи низомии «прапоршик» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст[2].

Пешина[вироиш]

Номи ин дараҷа дар бисёре аз артишҳо бо «дирафш» пайванд дорад. Чунончи, ин дараҷа дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Русия «прапорщик», Лаҳистон «хорунжий» (лаҳӣ: chorąży), кишварҳои Югословии пешин «заставник», Бритониё «ensign», Фаронса «enseigne» ва Олмон «Fähnrich» номида мешавад, ки маънояшон «парчамдор» (форсӣ: پرچمدار‎) аст. Дар артишҳои қадим парчамдор сарбозе буд, ки пешопеши ягони низомӣ парчами онро мебурд[3]. «Прапорщик» дақиқан ҳамин «парчамдор» аст, ки онро «дирафшдор» ҳам мегӯянд.

Дар сипоҳи Ҳахоманишиён ҳар ҳазора ё ҳанг барои худ парчаме дошт[4], ки ба забони порсии бостон «drafša-» номида мешуд (аз «*drafša-» дар эронии бостон, ки «drafšā-» дар авестоӣ, «drafš» дар порсии миёна, «arδašf» / «ərδəšf» дар забони суғдӣ ва «λraφo» дар забони балхӣ аз он рӯидаанд[5]). Бино ба ривояте, дирафши аждаҳопайкарро Куруши Кабир аз осуриён вом гирифта буд ва он то поёни подшоҳии Дорои Севум дар сипоҳ ба кор мерафт. Искандари Мақдунӣ пас аз пирӯзӣ бар Доро ин дирафшро парчами расмии подшоҳии Мақдуния карда буд, аммо пас аз пирӯзии румиён бар мақдуниҳо «дирафши аждаҳопайкар» ба дасти фарзандони Ромул уфтод. Ин дирафш дар подшоҳии Руми Шарқӣ низ боз мондаву ба кор мерафтааст[6].

Дар сипоҳи Ашкониён ва Сосониён ҳангро «дирафш» ва фармондеҳонашонро «дирафшсолор» меномиданд[7].

Манобеъ[вироиш]

  1. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 2. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 234
  2. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной
  3. Фарҳанги муъосири форсӣ (якҷилдӣ). Ғуломҳусайн Садрии Афшор, Насрин Ҳакамӣ, Настаран Ҳакамӣ. – Теҳрон: Фарҳанги муъосир, 1381. с. 282. ISBN 978-964-5545-68-8.
  4. E. Pottier, Douris, London, 1909, p. 105 fig. 20, Plate XXV.b
  5. Расторгуева В. С., Эдельман Д. И.. Этимологический словарь иранских языков. Т.2. b—d. — М.: «Вост. лит.», 2003 г. — 502 с. — стр. 348. ISBN 5-02-018124-2
  6. Арсеньев Ю. В. О геральдических знаменах. СПб, 1911, с. 5-6. Цит. по: Дмитриев С. В. Знаменный комплекс в военно-политической культуре средневековых кочевников Центральной Азии (некоторые вопросы терминологии и морфологии)
  7. Farrokh, Kaveh. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131. — с. 6—7

Пайвандҳо[вироиш]