Домулло Бобоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Домулло Бобоев
Домулло Бобоев
Санаи таваллуд:

1 июл 1940(1940-07-01) (79 сол)

Зодгоҳ:

ноҳияи Мастчоҳ, ҶШС Тоҷикистон, СССР

Мамлакат:

 Тоҷикистон Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

таърих

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ширкатҳои саҳҳомии «Пирўз» (ш.Душанбе) ва «Интербизнес» (ш. Маскав)

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои таърих

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Институти давлатии педагогии ш. Душанбе

Ҷоизаҳо:

Аълочии маорифи Тоҷикистон

Домулло Бобоеволим, муаррих, доктори илми таърих (1984), профессор.

Зиндагинома[вироиш]

Домулло Бобоев факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педагогии ш. Душанберо соли 1962 хатм карда, баъди чанд моҳи муаллимӣ дар н. Нуробод ҳамчун тарҷумон ва мушовир дар Афѓонистон зиёда аз њафт сол фаъолият менамояд. Солҳои 1971-1977 дар аспирантураи Пажўҳишгоҳи шарқшиносии АИ Тоҷи-кистон хонда, дар ин љо чун ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ заҳмат кашидааст. Солҳои 1982-1984 докторанти Институти шарқшиносии АИ СССР (ш. Маскав) буд, минбаъд дар макотиби олии ҷумҳурӣ дарс додааст. Чандин сол ба ширкатҳои саҳҳомии «Пирўз» (ш.Душанбе) ва «Интербизнес» (ш. Маскав) роҳбарӣ кардааст. Ба масъалаҳои ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият, тарбияи меҳнатии одамон, инқилоби миллӣ-озодихоҳӣ дар мамолики қафомонда, тарбияи ватандўстии одамон ва ғайра диққат дода, ќариб шаст таълифот рўи даст овардааст.

Осор[вироиш]

  • Таълими коммунизми илмӣ. – Д., 1975;
  • Ташаккули мењнати коммунистӣ. – Д., 1972;
  • Манбаи инкишофи шахсият. – Д., 1976;
  • Инқилоби миллӣ-озодихоҳӣ. – Д., 1978;
  • Революция и контрреволюция в Афганистане. – Ташкент, 1984;
  • ХХУ съезд КПСС о патриотическом и интернациональном воспитании. – Д., 1978 (соавтор);
  • Труд – основа нравственного формирования Ашхос. – Д., 1980;
  • Физическое воспитание – составная часть воспитания всесторонне развитой Ашхос. – Д., 1978 (соавтор). ва диг.

Манобеъ[вироиш]

  • Энциклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. - Душанбе,2008.- С.145-146