Доробқалъа
Кишвар | |
---|---|
Воҳиди марзию маъмурӣ | Дороб |
Доробӣ, Доровӣ, Қалъаи Доробӣ, Доробқалъа — ёдгории бостонӣ дар қисми шимолу шарқи ноҳияи Файзобод, дар наздикии деҳаи Бобои Валӣ ва деҳаи Дороб.
Мушаххасот
[вироиш | вироиши манбаъ]Доробӣ теппаи дарозрӯяи махрутшакл буда, баландиаш 9–10 м, дарозии сатҳи поинӣ 78 м, паҳноӣ 34 м, дарозии қисмати болоӣ 50 м ва паҳноиаш 12 м аст. В. В. Бартолд қалъаи Доробиро ба харобаҳои шаҳри Илок мансуб донистааст. Аммо масофаи байни Вашгирд ва Илок, ки дар осори ҷуғрофию таърихӣ якрӯза роҳ муайян шудааст, ба масофаи байни Вашгирд ва қалъаи Доробӣ (тақр. 13–15 км) мутобиқат намекунад. Аз тарафи дигар қалъаи Доробӣ аз роҳи тиҷоратӣ дар канор буд. Аз Вашгирд дар масофаи якрӯза роҳ шаҳраки ҳозираи Оби Гарм ҷойгир аст, ки шояд бо Илоки асримиёнагӣ як бошад. Ёдгории бостонии Доробӣ то ҳол ҳафр нашудааст. Бостоншиноси тоҷик Ю. Яъқубов пас аз пайдо кардани сафолҳои сирдори давраи Сомониён аз атрофи қалъа, тахмин кард, ки асрҳои 9–10 дар ин мавзеъ корвонсарой вуҷуд дошт.
Нигористон
[вироиш | вироиши манбаъ]-
Доробқалъа аз дурӣ
-
Баландии Доробқалъа
-
Доробқалъа аз самти шарқ
-
Доробқалъа аз самти ҷанубу ғарб
-
Доробқалъа аз самти ҷануб
-
Доробқалъа аз самти шимол
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Доробӣ / Д. Довудӣ // Дирҳам — Замин. — Д. : СИЭМТ, 2017. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 6). — ISBN 978-99947-33-69-9.
- Довудӣ Д., Қурбонзода Ф. Вашгирд ёдгори бостон. Д., 2005.