Дороб (деҳа)
Jump to navigation
Jump to search
Деҳа | |
---|---|
Дороб | |
![]() | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Файзобод |
Ҷамоат | Деҳоти Қалаидашт |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | 80 нафар (2016) |
Ҳайати миллӣ | тоҷикон |
Ҳайати динӣ | мусулмонон |
Вақти минтақавӣ | UTC+5 |
Коди телефон | +992 3135 |
Коди мошин | TJ08 |
Дорóб — деҳа дар ҷамоати деҳоти Қалаидашти ноҳияи Файзобод.
Ҷуғрофиё[вироиш | вироиши манбаъ]
Аз деҳа то маркази ҷамоати деҳот 4 км, то маркази ноҳия 30 км, то шаҳри Душанбе 74 км; роҳ – асфалтпӯш. Аҳолиаш 80 нафар (ноябри 2016). Деҳа осиёби барқӣ, нуқтаи савдои хусусӣ ва муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ дорад. Хонандагон таҳсилро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Дашти Марзо давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз чашмаҳои дараи Сӯфӣ Мирзо обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 2 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Аҳолиаш солҳои 50 садаи XX ба ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) муҳоҷир шуда, деҳа камодам монда буд. Як қисми аҳолӣ солҳои 90 садаи XX ба деҳа баргашта онро аз нав обод карданд.
Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
- ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. — Душанбе, 2011. СИЭМТ, — 392 саҳ. — ISBN 978-99947-33-48-4