Jump to content

Дуогӯӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Дуо / Дуогӯӣ / Дуохонӣ - аз густурдатарин суннатҳои фарҳанги шифоҳии мардуми тоҷик аст, ки ба наср ва назм гуфта мешавад ва таърихи он ба давраи бостон бармегардад. Навъҳои дуо ё муноҷоту ниёиш гуногун буда, ба мурод ва нияту ҳадафи гуфта шудани он иртибот дорад. Аз ҷумла, дуои фотиҳа бо нияти оғози ҳар кори нав ва кушоиши кор гуфта мешавад; дуои сари дастархон - дуо дар ҳаққи соҳиби таом бо нияти шукргузорӣ аз ғизое, ки хӯрда шуд ва пеш аз ҷамъ кардани дастурхон гуфта мешавад; дуои сафар бо нияти сафари бехатару бомуваффақияти касе ё касоне гуфта мешавад, ки азми сафар доранд; дуои хатми Қуръон пас аз қироати комили сураҳои он хонда мешавад; дуои пас аз намоз дар поёни ҳар намоз дар давоми рӯз тавассути шахси гузорандаи он гуфта шуда, муроди ибодати ӯро баён мекунад; дуои муборакбодӣ маҷмӯи ниятҳост, ки аз номи як ё чанд нафар ба муносибати издивоҷ, таваллуди фарзанд, хонаи нав, оғози ҷашн ё ҳар кори хайри дигар барои дигарон гуфта шуда, пойдориву пешрафти он орзу мегардад; дуо барои арвоҳи гузаштагон тиловати ояте аз Қуръон ва талаби раҳмату мағфирати Худованд барои арвоҳи шахс ё шахсонест, ки даргузаштаанд; дуои талаби шифои бемор бо тиловати оёте аз Қуръон ва калимаҳову таркибҳои хос, дармони дарди бемор ва рафъи хатарро ният кардан (дар фарҳанги шифоҳии тоҷикон ба ин манзур зикр ва талқини ашъоре низ расм аст, ки ғолибан ба шакли рубоист); дуои пеш аз хоб тиловати оёте аз Қуръон, зикри калимаҳо ва таркибҳои хос ва нияту талқин кардани оромиши ҷисму равон дар вақти хоб барои худ ва дигарон. Дар фарҳанги шифоҳии мардуми тоҷик дуову ниёиш ҷойгоҳу мақоми хос ва одоби вижаи иҷро дошта, барои ҳар як аз дуоҳои зикршуда вариантҳои гуногун мавҷуд аст. Ваҷҳи муштараки онҳоро метавон дар ҷиҳатҳои зерин хулоса кард: гӯяндаи дуо аз сидқ ният мекунад; мухотаб офаридгор аст ва гӯяндаи дуо аз ӯ талаби ҳосили мурод мекунад ва ғ.[1]