Jump to content

Дура дар мех

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

“Дура дар мех”, дуррабозӣ

Бачаҳо дар майдон ба тарзи даврашакл саф мекашанд ва барои бозӣ як ресмон ё арғамчини 2-3 метра лозим аст. Довар ё сардори бачаҳо ду нафарро ба мобайни давра даъват мекунад. Яке дар маркази давра истода, вазифаи «мех»-ро иҷро мекнамояд, дуюмӣ муҳофизаткунандаи ӯ мебошад. Баробари фармони довар ё сардор бозигари муҳофизатгари «мех», яъне дуррадор дар атрофи «мех» чарх зада, бозигаронро намегузорад, ба даруни давра даромада, ба «мех» даст расонанд. Дар водии Вахш, Ёвон нимфаъол аст.[1]

1. Турсунов Н. Бозиҳои серҳаракати тоҷикӣ. Д., 1961;

2. Топоров Н.И. Национальные виды спорта и игры в Таджикистане. М., 1944.

3. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.1. Д., 2015.

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 180