Jump to content

Зоғобу

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зоғобу — бозиест бачагона, ки дар бисёре аз маҳалҳои Тоҷикистон роиҷ аст.

Се-чор нафар бозигар гирд истода, ҳар ду дастро мушт карда, ба байн дароз мекунанд. Сипас сардор таронаи «Зоғобу»-ро мехонад ва дигарон муштҳоро болои ҳам мисли тири ҷувоз дар мобайн тоб додан мегиранд. Вақте ки сардор мисраи охирро хонда, «торгина бикуч» гуфт, шахсе, ки дасташ аз ҳама боло аст, зуд дасташро қафо мекашад. Агар гӯянда «таҳгина бикуч» гӯяд, бозигари дасташ дар поён буда, зуд дасташро мекашад. Охирин дасте, ки дар байн танҳо монд, шахси мағлуб ҳисоб мешавад. Дар Муъминобод нимфаъол аст.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ — Душанбе: «Аржанг» 2016, — С. 181