Евровидение

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Ин ибора якчанд маъноҳо дорад:

  • Системаи байналхалқии мубодилаи иттилоотҳои телевизионии Аврупо;
  • Мусобиқаи мусиқии Аврупо - Eurovision Song Contest — мусобиқаи байналхалқии сурудҳои эстрадӣ дар байни давлатҳои аъзои Иттифоқи Намоишдиҳии Аврупо (EBU) мебошад.
  • Евровидение, Eurovision, соли 1954 ташкил шудааст, системаи байналхалқии мубодилаи иттилоотҳои телевизионист, ки якқатор телевизионҳо, асосан Аврупоӣ ба он шомиланд. Бо системаи Интервидение мубодилаи барномаҳои телевизионӣ дорад.
  • Мусобиқаи мусиқии «Евровидение» (аз калимаҳои англисии Eurovision Song Contest; фаронсавии Concours Eurovision de la chanson гирифта шудааст) — мусобиқаи байналхалқии сурудҳои эстрадӣ дар байни давлатҳои аъзои Иттифоқи Намоишдиҳии Аврупо (EBU) мебошад. Соҳибҳуқуқи тамоми моликиятҳои зеҳнии лоиҳаи ин мусобиқа, Иттифоқи Намоишдиҳии Аврупо (ЕВС) дониста мешавад. Дар ин мусобиқа аз ҳар як кишвари аъзои Иттифоқи намоишдиҳии Аврупо (ЕВС) як намояндагӣ, ки барои иштирок ариза додааст ширкат меварзад. Мусобиқа тариқи пахши зинда (on line), аз телевизионҳо намоиш дода мешавад. Аз ҳар як кишвари аъзо метавонад як намоянда (якахон ё дастаи мусиқӣ), ки сурудеро бо давомнокии на бештар аз се дақиқа аст, сароянд. Дар вақти баромад, бояд дар саҳна аз шаш нафар, ҳунарпешаҳо зиёд набошанд. Баъди баромад тариқи овоздиҳии тамошобинон ва аъзои ҳакамон суруди писандидатарин муайян карда мешавад. Тамошобинони телевизионҳо ва ҳакамоне, ки кишварҳояшон иштирокчиёнанд, дар финал ва нимфинал ҳуқуқи овоздиҳиро доранд. Мусобиқа аз соли 1956 гузаронида мешавад ва яке аз маъруфтарин мусобиқаҳои ғайриварзишӣ дар дунё мебошад, ки то 600 миллион тамошобин дорад. «Евровидение» инчунин дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Канада, Миср, Ҳиндустон, Ливан, Африқои Ҷанубӣ, Кореяи шимолӣ, ИМА ва дигар давлатҳо, сарфи назар, ки онҳо иштирокчии мусобиқа нестанд ва дар Аврупо воқеъ нагаштаанд тариқи телевизионҳо намоиш дода мешавад . Аз соли 2000 мусобиқа дар интернет намоиш дода мешавад, интернет-тамошобинонаш сол то сол меафзоянд: дар соли 2006 онлайн-намоишро аз интернет 74 ҳазор одамон тамошо карда буданд, дар соли 2017 — зиёда аз 600 ҳазор нафар. «Евровидение» барои шуҳратёр гаштани ҳунарпешаҳои иштирокчии ин мусобиқаи мусиқӣ саҳми калон дорад. Масалан, гурӯҳи маъруфи «АББА» (ABBA, Шветсия1974), «Чингисхон» (Dschinghis Khan, Германия1979) ва сароянда Селин Дион (Швейтсария1988) пас аз иштироки ҷолибашон дар ин мусобиқаи мусиқӣ дар дунё маъруфият пайдо карданд.

Адабиёт[вироиш]

  • .О’Коннор Дж. К.«Евровидение»: Официальная история конкурса песни.—СПб.:Амфора, 2009. — 207 с. —ISBN 978-5-367-00971-2.