Озмуни Евровижн
Озмуни Евровижн | |
| Таърихи таъсис | 1956 |
|---|---|
| Сарлавҳа | англ. Eurovision Song Contest |
| Номида ба шарафи | Eurovision[d] |
| Гимн | Te Deum[d][1] |
| Матни шиор | United by Music[2] |
| Қитъа | Аврупо |
| Воҳиди марзию маъмурӣ | Аврупо |
| Trophy awarded | Crystal microphone trophy[d] |
| Макони шаклгирӣ | Palazzo Corsini[d] |
| Бар пояи | Sanremo Music Festival[d] |
| Жанр | мусиқии поп, schlager music[d] ва рок[d] |
| Созанда | Marcel Bezençon[d] |
| Забони аслӣ | инглисӣ ва фаронсавӣ |
| Забони асар ё навишта | инглисӣ ва фаронсавӣ |
| Забони мавриди корбурд | инглисӣ ва фаронсавӣ |
| Замони оғоз | 1956 |
| Оҳангсоз | |
| Ширкати истеҳсолгар | EBU-UER (European Broadcasting Union)[d] |
| Бо илҳом аз | Sanremo Music Festival[d] |
| Мавзӯи мусиқӣ | Te Deum[d] |
| Давомнокӣ | 2 соат ва 4 соат |
| Ҷоизаҳо | |
| Шумораи қисмҳои осори адабӣ | 66 |
| Такрори баргузорӣ | 1 сол |
| Созмондеҳ | EBU-UER (European Broadcasting Union)[d] |
| Оператор | EBU-UER (European Broadcasting Union)[d] |
| Вебгоҳи расмӣ | eurovision.com(англ.) |
| Хештеги | eurovision, ESC ва eurovision-song-contest |
| Моҳ | Май |
| Supervised by | Martin Österdahl[d][3] |
| Eligible recipient | кишвар |
| Шумори пайгирон | 633 502 ва 7 250 000 ± 9 999[4] |
Озмуни Сурудии Евровижн (англ. Eurovision Song Contest) — озмуни ҳар сола мебошад, ки дар он аъзоёни фаъоли кишварҳои Аврупо ширкат меварзанд. Озмун аз 24 майи соли 1956 то ҳол идома дорад. Озмуни мусиқии Аврупо ё «Евровижн» соли 1954 ташкил шудааст, системаи байналхалқии мубодилаи иттилоотҳои телевизионист, ки якқатор телевизионҳо, асосан Аврупоӣ ба он шомиланд. Бо системаи Интервидение мубодилаи барномаҳои телевизионӣ дорад.
«Евровижн» (аз калимаҳои англисии Eurovision Song Contest; фаронсавии Concours Eurovision de la chanson гирифта шудааст) — мусобиқаи байналхалқии сурудҳои эстрадӣ дар байни давлатҳои аъзои Иттифоқи Намоишдиҳии Аврупо (EBU) мебошад. Соҳибҳуқуқи тамоми моликиятҳои зеҳнии лоиҳаи ин мусобиқа, Иттифоқи Намоишдиҳии Аврупо (ЕВС) дониста мешавад. Дар ин мусобиқа аз ҳар як кишвари аъзои Иттифоқи намоишдиҳии Аврупо (ЕВС) як намояндагӣ, ки барои иштирок ариза додааст ширкат меварзад. Мусобиқа тариқи on line аз телевизионҳо намоиш дода мешавад. Аз ҳар як кишвари аъзо метавонад як намоянда (якахон ё дастаи мусиқӣ), ки сурудеро бо давомнокии на бештар аз се дақиқа аст, сароянд. Дар вақти баромад, бояд дар саҳна аз шаш нафар, ҳунарпешаҳо зиёд набошанд. Баъди баромад тариқи овоздиҳии тамошобинон ва аъзои ҳакамон суруди писандидатарин муайян карда мешавад. Тамошобинони телевизионҳо ва ҳакамоне, ки кишварҳояшон иштирокчиёнанд, дар финал ва нимфинал ҳуқуқи овоздиҳиро доранд. Мусобиқа аз соли 1956 гузаронида мешавад ва яке аз маъруфтарин мусобиқаҳои ғайриварзишӣ дар дунё мебошад, ки то 600 миллион тамошобин дорад. «Евровидение» инчунин дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Канада, Миср, Ҳиндустон, Лубнон, Африқои Ҷанубӣ, Кореяи шимолӣ, ИМА ва дигар давлатҳо, сарфи назар аз он, ки онҳо иштирокчии мусобиқа нестанд ва дар Аврупо воқеъ нагаштаанд тариқи телевизионҳо намоиш дода мешавад. Аз соли 2000 мусобиқа дар интернет намоиш дода мешавад, интернет-тамошобинонаш сол то сол меафзоянд: дар соли 2006 on line—намоишро аз интернет 74 ҳазор одамон тамошо карда буданд, дар соли 2017 — зиёда аз 600 ҳазор нафар. «Евровидение» барои шуҳратёр гаштани ҳунарпешаҳои иштирокчии ин мусобиқаи мусиқӣ саҳми калон дорад. Масалан, гурӯҳи маъруфи «АББА» (ABBA, Шветсия—1974), «Чингисхон» (Dschinghis Khan, Германия—1979) ва сароянда Селин Дион (Швейтсария—1988) пас аз иштироки ҷолибашон дар ин мусобиқаи мусиқӣ дар дунё маъруфият пайдо карданд.[5][6]
Ҷолиб
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар даври нимфиналии ин озмун 18 майи соли 2021, овозхони тоҷиктабор Манижа Сангин бо суруди Russian Woman дар шаҳри Роттердам, давлати Ҳолланд, Русияро муаррифӣ карда, дар даври финал 22 майи соли 2021 бо 204 хол, байни иштирокчиёни озмун ҷои нуҳумро ишғол намуд.[7][8]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ https://www.rundel.de/en/article/te_deum_prelude/MVSR5323
- ↑ https://eurovision.tv/story/united-by-music-permanent-slogan
- ↑ Martin Österdahl announced as new Eurovision Song Contest Executive Supervisor (ингл.) — EBU, 2020.
- ↑ (unspecified title)
- ↑ http://www.sfgate.com/cgi-bin/article.cgi?f=/c/a/2008/09/12/DDBN12SDVQ(пайванди дастнорас)
- ↑ http://www.reuters.com/article/entertainmentNews/idUSSCH28177920070514
- ↑ https://ru.m.wikipedia.org/wiki/%D0%A0%D0%BE%D1%81%D1%81%D0%B8%D1%8F_%D0%BD%D0%B0_%C2%AB%D0%95%D0%B2%D1%80%D0%BE%D0%B2%D0%B8%D0%B4%D0%B5%D0%BD%D0%B8%D0%B8-2021%C2%BB#
- ↑ https://ru.m.wikipedia.org/wiki/%D0%95%D0%B2%D1%80%D0%BE%D0%B2%D0%B8%D0%B4%D0%B5%D0%BD%D0%B8%D0%B5-2021
| Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |