Екатерина Григоренкова
Григоренкова Екатерина Николаевна | |
Таърихи таваллуд | 1933 |
Зодгоҳ | Душанбе |
Фазои илмӣ | кишоварзӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои кишоварзӣ |
Алма-матер | Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1960) |
Ҷоизаҳо |
Григоренкова Екатерина Николаевна (зод. 1933, Душанбе) — агроном, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, академики Академияи табиатшиносии Русия.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1960). Агрономи стансияи мошину тракторӣ (1953-55), к-зи ба номи Ворошилов (1956-60), аспирант (1960-63), х. х. (1963-67) ва х. к. илмӣ (1967-80), мудири шуъбаи Институти таҳқиқоти илмии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1980-90), ходими илмии Институти таҳқиқоти илмии сабзавоткорӣ ва обчакории Русия (1990—2000), профессори кафедраи гидробиология ва экологияи умумии Донишгоҳи давлатии техникии Астрахан (аз 2000). Екатерина Григоренкова оид ба экологияи рустаниҳо, парваришу тарзи коркарди чойҷуворӣ, истифодаи навъҳои гуногуни юнучқа барои тарбеда ва беҳгардонии сифати хӯроки чорво пажӯҳиш анҷом додааст. Зиёда аз 140 таълифот дорад.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо ду ордени «Нишони Фахрӣ» ва ордени Дӯстии Халқҳо сарфароз гардидааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Оценка возделывания кормовых культур на конечную продукцию//Кормопроизводство. 2006, № 7;
- Оценка способов возделывания кормовых культур и реализация их энергоциклов//Вестник Российской академии сельскохозяйственных наук. 2006, № 5;
- Селекция новых сортов овса в условиях аридной зоны//Вестник Российской академии сельскохозяйственных наук. 2012, № 3.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Григоренкова Екатерина Николаевна // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.