Забони вахонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Забони вахонӣ
Кишварҳо
Шумораи умумии гӯишварон
  • 30 000 тан
Вазъ хатари азбайнравӣ вуҷуд дорад[d][5]
Таснифот
забонҳои ҳиндуаврупоӣ
забонҳои ҳиндуэронӣ
забонҳои эронӣ
забонҳои эронии шарқӣ
Забони вахонӣ
Хат алифбои арабӣ, алифбои сирилик ва Алифбои лотинӣ
Коди забонӣ
ISO 639-1
ISO 639-2
ISO 639-3 wbl
WALS wak
Atlas of the World’s Languages in Danger 1379
Ethnologue wbl
ELCat 3155
IETF wbl
Glottolog wakh1245
Ниг. низ: Лоиҳа:Забоншиносӣ

Забони вахонӣ (X̌ikwor zik) — аз забонҳои эронии ҷануби шарқиест, ки аз рӯи хусусиятҳои фонетикӣ ва луғавию грамматикии худ дар байни соири забонҳои помирӣ мавқеи хоссаро ишғол мекунад. Дар ҳудуди ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон, дар қисмати чапи водии Вахони Афғонистон, дар манотиқи Чатрор ва Хунзои Покистон ва ҳамчунин дар вилояти Синтсизяни Чин ривоҷ дорад [Пахалина 1975; Грюнберг, Стеблин-Каменский 1978; Стеблин-Каменский 1999]. Ин забон ҳам дар води Вахон ва ҳам дар манотиқи дигар гӯишҳои сершумор дорад.[6]

Дар ҳудуди ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон, дар қисмати чапи водии Вахони Афғонистон, дар манотиқи Чатрор ва Хунзои Покистон ва, ҳамчунин, дар Сариқули Чин ривоҷ дорад [Пахалина 1975; Грюнберг, Стеблин-Каменский 1978; Стеблин-Каменский 1999]. Ин забон ҳам дар водии Вахон ва ҳам дар манотиқи дигар гӯишҳои сершумор дорад.

Густараи истеъмоли ин забон нисбат ба тамоми забонҳои эронии шарқӣ васеътар аст ва он дар байни забонҳои эронӣ ягона забоне мебошад, ки дар тамоми ҳавзаҳои этнолингвистии Ҳиндукуши Шарқӣ мавриди корбурд қарор дорад. Аз ин рӯ, шаклҳои диалектологии гуфтори вахонӣ низ зиёд аст ва танҳо дар қаламрави Бадахшони Тоҷикистон се лаҳҷаи ин забон – шарқӣ (болоӣ), марказӣ (миёна) ва ғарбӣ (поёнӣ) корбурд дорад. Муҳаққиқон тамоми анвои диалектологии корбурди забони вахониро дар тафовут аз дигар забонҳои помирӣ лаҳҷа гуфтаанд, зеро дар фарқият аз, масалан, намояндагони забонҳои гурӯҳи шуғнӣ-рӯшонӣ, ки ҳар кадоме номи забони худро ба маҳалли корбурдии он мансуб медонанд ва номи умумие барои он забонҳо вуҷуд надорад, вахонизабонони тамоми ҳавзаҳои минтақаи Ҳиндукуши Шарқӣ забонашонро вахонӣ (вахӣ) меноманд ва номи локалӣ (маҳаллӣ)-и дигаре барои лаҳҷаҳои он вуҷуд надорад. Водии Вахонро, ки дар он вахониён зиндагӣ мекунанд, дарёи Панҷ ду қисмат кардааст, ки соҳили рости он дар қаламрави Тоҷикистон ва соҳили чапи он дар ҳудуди Афғонистон ҷойгир аст. Аз он мавқеияте, ки водии Вахон дар Эрони бостон ва дар масири Роҳи Абрешим ишғол мекард (аз ин водӣ як шохаи муҳимми ин шоҳроҳ мегузашт, ки дар таърих бо номи «Роҳи бузурги буддоӣ» маъруф аст), дар бораи ин сарзамин ва сокинони он дар сарчашмаҳои таърихии чинӣ, юнонӣ, арабӣ ва форсӣ-тоҷикӣ маълумоти фаровоне овардашудааст. Афсона, ривоёту нақлҳо, чистону зарбулмасалҳо, таронаҳо, суруди алла ва «Булбулик» аз маъруфтарин жанрҳои фолклорие мебошанд, ки ба забони вахонӣ эҷод шудаанд.

Дар шарқшиносии аврупоӣ дар бораи ин забон бори аввал А. Бёрнс иттилоъ дода буд[7].

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Пахалина Т. Н. Памирские языки. — М.: Наука (ГРВЛ), 1969. — 164 с. — (Языки народов Азии и Африки).
  • Языки и этнография «Крыши мира». СПб.: «Петербургское Востоковедение», 2005. — 112 с.
  • Payne, John, «Pamir languages» in Compendium Linguarum Iranicarum, ed. Schmitt (1989), 417—444.
  • Эдельман Д. И. Памирские языки // Лингвистический энциклопедический словарь. — М.: СЭ, 1990.
  • Shaw R. On the Ghalchah Languages (Wakhi and Sarikoli) // Yournal of the Asiatic Society of Bengal. -1876. v. 45; Tomaschek W. Die Pamir-Dialekte // Centralasiatische Studien, 2. – Wien, 1880; W. Geiger W. Die Pamir-Dialekte // Grundriss der iraniscen Philologie/ Bd. 1, Abt. 2. – Strassburg, 1898-1901;
  • Пахалина Т.Н. Ваханский язык. – М., 1975; Грюнберг А.Л., Стеблин-Каменский И.М. Языки Восточного Гиндукуша. Ваханский язык. – М.,1976.
  • Климчицкий С.И. Ваханские тексты // Труды ТБ АН СССР, т. 3, Лингвистика. – М.Л., 1936, с. 75-124;
  • Пахалина Т.Н. Ваханский язык. – М., 1975; Грюнберг А.Л., Стеблин-Каменский И.М. Языки Восточного Гиндукуша. Ваханский язык. – М.,1976;
  • Вух диёр ганҷ (Ганҷи Вахонзамин) (мураттибон Матробов С., Мирбобоев А.) – Душанбе, 2016; Хиквор нақлиш завер (Ҳикояҳо барои хурдсолон ба забони вахонӣ: Таҳияи Сайфиддин Шайдоев) – Душанбе, 2016. 48 саҳ.;
  • С.Матробиён. Асоб.Ҳисоб. – Душанбе, 2016;
  • Матробов С., Соҳибназарбекова Р. Чистониш. – Душанбе, 2016 ва ғ.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]