Забони ӯзбакӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Забони узбакӣ ё ӯзбекӣ (Oʻzbekcha / Oʻzbek tili / Ўзбекча / Ўзбек тили / ئۇزبېك تیلى / ئوزبېچه) — яке аз забонҳои туркӣ мебошад. Забони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбакистон аст, ҳамчунин забони расмии баъзе вилоятҳои шимолии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошад. Гӯяндаҳои забони узбекӣ дар ҷаҳон тақрибан 30 миллион ҳастанд. Бо ин забон асосан дар кишварҳои Ӯзбекистон (тақрибан 25 миллион мардум), Тоҷикистон (тақрибан 1,5 миллион мардум), Афғонистон (беш аз 2,5 миллион мардум), Қирғизистон (беш аз 850 000 мардум), Қазоқистон (беш аз 550 000 мардум) ва Туркманистон (беш аз 500 000 мардум) гуфтугӯ мекунанд. Ҳамчунин, дар кишварҳои Русия, Туркия, Чин, Покистон, ИМА ва дигар кишварҳо (масалан дар кишварҳои Оврупо) ҳам мардуми ӯзбекзабон зиндагонӣ мекунанд.

Яке аз забонҳои туркӣ, дар гурӯҳӣ қарлуқии забонҳои туркӣ доҳил аст. Дар Ӯзбекистон барои забони ӯзбекӣ расман алифбои лотинӣ истифода мешавад, ва ҳамчунин алифбои кирилликӣ ҳам хуб истифода мешавад. Барои забони ӯзбекӣ мардуми ӯзбекзабон дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон асосан алифбои кирилликӣ истифода мешавад. Дар ин кишварҳои ҳамсоя, барои забони ӯзбекӣ асосан авлоди ҷавон ҳамчунин алифбои лотинӣ ҳам истифода мекунанд. Дар Афғонистон, Покистон, Чин ва дигар кишварҳо (масалан дар кишварҳои Араб ва Эрон) ӯзбекзабонон алифбои арабӣ ва ё алифбои форсӣ истифода мекунанд.

Эзоҳ[вироиш]