Зайниддин Раҳимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
ФутболЗайниддин Раҳимов
Иттилооти умумӣ
Номи пурра Раҳимов Зайниддин Абдуллоевич
Таваллуд 14 май 1965(1965-05-14) (55 сол)
Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Иттилоот дар бораи бошгоҳ
Бошгоҳ
Маснад

Зайниддин Раҳимов (Раҳимов Зайниддин Абдуллоевич; тав. 14 майи 1965, Кӯлоб, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — футболбози тоҷик, мураббии футбол, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (аз 2016). Корманди шоистаи ҷумҳурии Тоҷикистон, Мураббии шоистаи ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш]

Зайниддин Раҳимов 14 майи соли 1965 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст.

Корномаи варзишӣ[вироиш]

Аз 7 солагӣ ба машқи футбол дар мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб оғоз кардааст, мураббии аввалинаш Маҳмадшариф Шарипов мебошад.

Дар тимҳои Вахш(Бохтар), Ҳосилот(Фархор), Равшан ва Ҷавонон(Кӯлоб) дар солҳои 1985-1997 бозӣ кардааст

Фаъолияти мураббигиро аз мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб дар сали 1997 оғоз кардааст ва то соли 2005 дар ҳамин мактаб фаъолият намуда, соли 2005 ба Мактаби ҷумҳуриявии маҳораташ олии варзиши оид ба футбол ба Душанбе меояд.

Аз соли 2016 сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон мебошад

Унвону ҷоизаҳо[вироиш]

Корманди шоистаи ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мураббии шоистаи ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дорандаи нишони нуқраи ҶО-2018 байни наврасони то 16-сола мебошад.

Эзоҳ[вироиш]