Jump to content

Замонат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Замонат (ар. الضمانة‎ — ба уҳда гирифтан) — дар ҳуқуқи гражданӣ уҳдадориест, ки тибқи қонун ё шартнома муқаррар шуда, мувофиқи он ин ё он шахс дар назди қарздеҳ ҳангоми иҷро накардан ё ба таври дилхоҳ иҷро накардани уҳдадории қарздор, ҷавобгар аст.

Дар ҳуқуқи маданӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 390) шартномаи замонат ҳуҷҷати дорои аҳаммияти ҳуқуқӣ буда, бо мақсади аз тарафи зомин ба зимма гирифтани уҳдадориҳои шахси дигар (қарздор) барои иҷро намудани уҳдадориҳои қарзӣ баста мешавад. Шартномаи замонатро инчунин барои таъмини уҳдадориҳои баъдӣ метавон ба расмият даровард. Шартномаи замонат хаттӣ тартиб дода шуда, дар сурати хаттӣ тартиб надодани он эътибор надорад. Шартномаи замонат ҳангоми ба иҷро расидани уҳдадориҳои қарзӣ ё тағйир ёфтани он ва розӣ набудани зомин қатъ мегардад. Шартномаи замонат дар сурати ба итмом расидани муҳлати дар шартнома нишондодашуда қатъгардида ҳисоб мешавад. Агар дар шартнома муҳлати қатъгардонии он муайян нашуда бошад, он ҳангоме қатъ мегардад, ки қарздиҳанда дар давоми 1 сол аз рӯзи ба охир расидани муҳлати иҷрои уҳдадории бо замонат таъминшуда ба зомин даъво пешниҳод накарда бошад. Замонат дар муносибатҳои тиҷоратӣ ҳамчун уҳдадории тибқи қонун муайяншудаи фурӯшанда оид ба ҷавобгарии ӯ аз рӯи камомади моддии молу милк дар муҳлати муайяншуда (муҳлати замонат) мебошад.

Замонат ҳангоми гирифтани қарз ниҳоят васеъ истифода мешавад. Ду тарзи замонат — замонати шаҳрвандӣ ва замонати давлатӣ муайян шудаанд. Замонати шаҳрвандиро дар мавридҳои ҷудогона замонати бонкӣ низ меноманд. Ҳангоми гирифтани қарз бонкҳо барои иҷрои уҳдадориҳои пардохти фоида, риояи муҳлати баргардонидани қарз ва дигар шартҳо аз муштарӣ замонат талаб мекунанд. Қарзгиранда ҳангоми қарзгирӣ бояд шахсеро ба бонк ё дигар муассисаи қарздиҳӣ ва суғуртакунӣ пешниҳод намояд. Зомини қарз бояд ҳалли масъалаҳои алоҳидаи қарз ва ё тамоми мушкилоти доир ба пардохти қарз пайдошавандаро ба уҳда гирад. Дар ҷараёни қарздиҳӣ қарздеҳ манфиатдор аст, ки замонати бидуни маҳдудиятро соҳиб шавад. Аз ин рӯ, қарздиҳандагон ё бонкҳо доиман замонати пурраву номаҳдудро талаб мекунанд. Замонати давлатиро сохторҳои марбутаи давлатӣ ба хотири ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти ватанӣ ба уҳда мегиранд. Сармоягузорони хориҷӣ ба фоидаовар ва мувофиқи мақсад будани маблағгузориҳояшон шубҳа мекунанд. Аз ин рӯ, аз мақомоти дахлдор замонати давлатиро талаб мекунанд. Мас., ҳангоми ҷудо кардани сармояи бузург барои пардохти иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла барои сохтмони роҳҳо, пойгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли барқ аз ҷониби Бонки умумичаҳонӣ, Бонки Аврупо, Бонки Осиёии Рушд ба таври ҳатмӣ замонати Ҳукумати Тоҷикистонро тақозо мекунанд. Чораҳои мушаххас оид ба замонати давлатиро Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия, қабул ва дар ҳаёт татбиқ менамояд.

Дар мурофиаҳои судӣ замонат низоми воситаҳои ҳуқуқии бо қонун муайяншуда ҷиҳати таъмини беҳтари адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва амалигардонии вазифаҳои истеҳсолоти судӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ мебошад. Унсурҳои муҳимми замонати дифоӣ: ҳуқуқ ба ҳимоя, ҳуқуқ ба кумаки ройгони ҳуқуқӣ, ошкоро ва озод будани мурофиаи судӣ, мушовараӣ будани суд, ҳуқуқи шикоят аз қарор ё ҳукми суд.

Замонат дар фиқҳ зам кардани уҳдадории зомин ба уҳдадории шахси асосӣ дар талаби мол, ҷон, ашё ва қарз аст. Назди ҷумҳур (аксар)-и фуқаҳо замонат уҳдадории шахси оқил барои овардани шахси дигар ба маҷлиси қазо дониста мешавад. Дар Қуръон дар ду маврид (12:72 ва 68:40) ба замонат ишора рафтааст. Дар мавриди нахуст аз забони Юсуф (а) гуфта шудааст, ки касе паймонаро биёрад, як бори шутур гандум ҳадя дода мешавад ва ман ба ин ваъда зоминам. Паёмбар (с) шахси зоминро дар баробари шахси қарздор ҷавобгар донистааст. Замонат назди мазҳабҳои чоргона шартномаи дуҷониба буда, дар сурати розӣ набудани зомин ё тарафи дигар шартнома қатъ мегардад. Ба қавли Абуюсуф, замонат танҳо бо қабул кардани зомин дуруст мешавад, зеро он уҳдадориҳои маҳзи зомин барои пардохти қарз аст. Зомин метавонад бе розигии тарафи муқобил ҳамчун нафари хайрхоҳ замонатро ба уҳда гирад. Ба қавли Абуҳанифа, Муҳаммади Шайбонӣ ва баъзе аз шофеиён, замонат аз уҳдадории зомин ва қабули тарафи дигар иборат буда, шартномаи дуҷониба аст ва бо иштироки як ҷониб ба итмом намерасад.

Замонат / Б. Исомат, Д. Ширинов, Т. Сафаров // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.